Зимни гузаронидани санҷишҳои муштарак дар соҳаи экология баъзе ҳуқуқвайронкуниҳо ошкор шуданд
ДУШАНБЕ, 15.01.2024 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо шуъбаи Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе зимни гузаронидани санҷиши муштарак ҳуқуқвайронкуниҳоро ошкор намуданд.
Аз ҷумла, нисбат ба ронандагони воситаҳои нақлиёт барои ифлос будани воситаи нақлиёт 402 санад, барои 96 ҳолати аз меъёрҳои муқарраргардида зиёд будани таркиби газҳои коркарди муҳаррики дарунсӯзи воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ва 10 ҳолати беболопӯш интиқол додани маводи пошхӯранда санадҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуданд.
Аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки ин тадбир бо мақсади пешгирии ҳолатҳои қонуншиканӣ дар самти ҳифзи муҳити зист ва амалисозии тадбирҳо вобаста ба нуктаҳое, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» баён гардидаанд, андешида шудааст.
Зимни баргузории санҷиши фаврӣ маълум гардид, ки то ҳанӯз қонуншиканиҳо дар ин самт мушоҳида гашта, шаҳрвандон қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Душанберо риоя наменамоянд.
Дар ҷараёни санҷишҳои муштарак нозирон бо аҳолӣ ва ронандагони воситаҳои нақлиёт роҷеъ ба риояи қонунгузориҳои амалкунанда, фарҳанги шаҳрнишинӣ, маърифату тарбияи экологӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди корҳои ободониву созандагӣ суҳбату вохӯриҳо анҷом медиҳанд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Дар 25 соли охир ба рушди иқтисоди мамлакат 760 миллиард сомонӣ сармоя равона гардидааст»
Дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе сохтмони як гузаргоҳ ва як пули мошингард оғоз меёбад
Султон Раҳимзода: «Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ ворид мешавад»
Дар Душанбе ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Соҳибкори сол – 2026» бо ҷоизаҳо қадрдонӣ карда шуданд
Густариши фаъолияти Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи соҳибкорзанони фаъол ба 110 ҳазор нафар расид
«Саноатсодиротбонк» дар номинатсияи «Беҳтарин соҳибкор дар соҳаи бонкдорӣ» ғолиб гардид
Маҷмуи маҳсулоти дохилии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар нуҳ моҳ ба 1,5 миллиард сомонӣ расонида шуд
Дар шаҳри Бангкок густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор баррасӣ гардид
Дар Форуми ҷаҳонии озуқаворӣ имконоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардид
MADE IN TAJIKISTAN. Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ муаррифӣ гардид
14 ОКТЯБР–РӮЗИ СОҲИБКОРОН. Соҳибкорон неруи бузургу пешбарандаи иқтисодиёти Тоҷикистон мебошанд






