21 ФЕВРАЛ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад

Февраль 21, 2024 15:54

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Созмони Милали Муттаҳид,  имрӯз дар ҷаҳон тақрибан 7 ҳазор забон мавҷуд буда,  45 фоизи он зери хатар қарор дорад. Танҳо чандсад забон дар низоми маориф ва ҳукумат нақши барҷаста дошта, камтар аз сад забон дар системаи технологияи рақамӣ истифода мешавад. Бо мақсади ҳифзи забонҳо ва фарҳангҳои гуногуни ҷаҳон 21 феврал дар ҷаҳон Рӯзи  байналмилалии забони модарӣ маҳсуб мешавад. Ин рӯз дар иҷлосияи 30-юми конфронси генералии ЮНЕСКО, ки 17 ноябри соли 1999 баргузор шуда буд, эълон гардид.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ яке аз муҳимтарин аркони давлати миллӣ маҳсуб шуда, дар баробари Нишон, Парчам ва Суруди миллӣ ба муқаддасоти миллӣ дохил шудааст. Дар моддаи дуюми Конститутсияи ҷумҳурӣ омадааст, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст, ҳамаи миллатҳо ва халқияте, ки дар ҷумҳурӣ зиндагӣ менамоянд, ҳақ доранд аз забони модариашон истифода баранд.

Ҳамзамон дар низоми маорифи мамлакат низ забон ба таври васеъ истифода мешавад. Масалан, китобу маводи дарсӣ бо забони давлатӣ таҳияю нашр ва дарсҳо низ бо забони тоҷикӣ гузаронида мешаванд. Имрӯзҳо забони тоҷикӣ дар низоми технологияи рақамӣ низ истифода мегардад.

Аз ҷумла, аз ҷониби мутахассисони Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маротибаи аввал дар давлатҳои Осиёи Марказӣ барномаи кор бо Интернет ва сомонаҳо, яъне браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия ва амалӣ шуд, ки он дар шабакаи Интернет ҷой дода шудаву фаъол мебошад. Забони тоҷикӣ, ки дар байни 190 забон дар даҳ ҷойи аввали забонҳои шабакаи интернетӣ қарор дорад, бо чунин барномаи интернетӣ неру ва тавонмандии воқеияшро дар ҷаҳон нишон дода, дар барномаҳои ҷаҳонӣ муаррифӣ мешавад. Фаъолият дар шабакаи интернетӣ ва сомонаҳо тариқи Барномаи танзими Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, мувофиқ ва осон буда, барои рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иқдоми нек ба шумор меравад.

Кумитаи забон ва истилоҳоти  назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барномаи компютерии «Ислоҳнигорӣ» таҳия намудааст, ки дар  барнома ҳудуди 2 миллион калима пешниҳод гардида, марҳила ба марҳила калимаҳои он зиёд мешаванд. Ба иттилои масъулин, ин барнома ба ислоҳи ҳарфҳои ғалат дар системаи компютерӣ нигаронида шудааст.

Дар Тоҷикистон дар баробари рушд ва вусъати бештар пайдо намудани доираи нуфузи забони давлатӣ, ҷиҳати инкишофи забон ва фарҳанги ақаллияти миллии муқими Тоҷикистон тадбирҳои зиёд амалӣ мешаванд. Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки дар бораи забон қабул шудаанд, ҳифзи забони давлатӣ ва дигар забонҳои ҳудуди ҷумҳуриро таъмин менамоянд.

Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода, забони тоҷикӣ, ки забони модарии мардуми тоҷик аст, асолати беш аз ҳазорсола дошта, бо хат, забон ва адабиёти ғании худ ҷаҳоншумул гардида, дар роҳи таҳкими тамаддуни инсонӣ ва афкори башарӣ саҳми бузург дорад. Дар давраи ҷаҳонишавии миллатҳо забони миллати мо чун сарвати бебаҳо ва омили муҳими пойдориву бақои миллат ва давлатдории миллӣ аст, ки аз ҷониби давлат ҳифз гардида, рушд меёбад.

«Имрӯз ҳам забони тоҷикӣ аз ҷиҳати ғановат ва сермаъноии калимаҳо байни забонҳои хурду бузурги дунё мақоми аввалро доро мебошад, ки далели он луғатномаи Деҳхудо (18 ҷилд) ва 6 ҷилд Луғати тафсирии ӯ мебошад. Сарчашмаҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки бо забони тоҷикии форсӣ мардумони беш аз 29 кишвари ҷаҳон гуфтугӯ менамоянд, забони тоҷикӣ аз ҷиҳати калимасозӣ ва ибораороӣ дар сархати забонҳои дунё аст ва имкон дорад, ки дар ин радиф беш аз 225 миллион калима ва вожа бисозад. Ин ҳама нишони тавонмандӣ, шаҳомат ва бузургиву нодирии забони ноби тоҷикӣ мебошад», — афзуд номбурда.

Ба гуфтаи раиси кумита, «агар бузургони пешин- устодон Садриддин Айнӣ ва Бобоҷон Ғафуров адабиёту таърихи пурфарозу оламгири тоҷиконро ҳамчун мероси аслии миллат рўнамоӣ намуда бошанд, дар пайомади онҳо абармарди арсаи сиёсат, илм ва фарҳангу иқтисоди мустақил ва худогоҳи воқеии миллии тоҷикон – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба забони тоҷикӣ арҷгузории беназир намуда, ҷойгоҳи онро дар арсаи байналмилалӣ байни зиёда аз 200 давлати олам   баланд бардоштанд. Ва чуноне ки имрӯз ҳамагон медонанд, забони тоҷикӣ дар симову ҳузури муборак ва лаҳни гуворои Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари олии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар минбарҳои  дигари бонуфузи сиёсиву фарҳангӣ садо медиҳад».

«Асари  мондагору муҳим ва бунёдии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  — китоби дуюми «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида, ҳамчун армуғони идона дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ ба миллати тоҷик пешкаш гардид, баёнгари таърихи пуршараф ва ҳашамати нотакрор, мақом ва манзалати бузурги илмию фарҳангии забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ ва нишонаи асосии миллат ва инқилоби фикрие дар ин ҷода мебошад», — таъкид дошт мавсуф.

Ба андешаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳот, ба масъалаи забон рӯ овардани Пешвои миллат дар заминаи баҳсу мунозираҳои беохир оид ба ҷойгоҳи тоҷикон дар арсаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ва нақши забони тоҷикӣ дар ин раванди таърихӣ ба вуҷуд омад. Ва чуноне ки  муаллифи ин  асари арзишманд  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ишора намудаанд: «Бақои тоҷик забони тоҷик аст, яъне забони ноби тоҷикӣ. Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизааш нигоҳ медорад. Фарҳанги беназиру оламшумули тоҷикон ва адабиёти пурғановати зиёда аз ҳазорсолаи тоҷикон, ки қалбҳои аҳли назар ва фаҳму фаросати ҷаҳонро тасхир намудааст, маҳз бо ҳамин забон, яъне забони тоҷикӣ навишта ва эҷод шудаанд».

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2024 15:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 100 асари Пешвои миллатро дар шакли электронӣ мавриди истифодаи умум қарор дод
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд
ДИДГОҲЕ БАРОИ ПЕШРАФТИ ИЛМ. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат
Рӯзи шанбе дар милитсияи Хатлон «Рӯзи театр» эълон гардид
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ таҷлил гардид
«СУРУДҲОИ МОНДАГОР». Дар қароргоҳи ЮНЕСКО-шаҳри Париж барномаи фарҳангии ҳунармандони тоҷик доир шуд
Дар конференсияи байналмилалӣ ба бузургдошти Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Париж маҷаллаи «Пайванд» рӯнамоӣ шуд
«МАВЛОНО ҶАЛОЛУДДИНИ БАЛХӢ ВА САҲМИ Ӯ ДАР ГУСТАРИШИ ФАРҲАНГИ ҶАҲОН». Таҳти чунин унвон бо ташаббуси Тоҷикистон дар ЮНЕСКО конференсияи байналмилалӣ оғоз гардид
«АЗ ХУРОСОНАМ КАШИДӢ, ТО БАРИ ЮНОНИЁН…». Ба гиромидошти хотираи мутафаккири бузурги тоҷик мавлоношиносони ҷаҳон дар Париж ҷамъ меоянд
«ҶОН ШАВУ АЗ РОҲИ ҶОН ҶОНРО ШИНОС». Тоҷикистон 815-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро дар қароргоҳи ЮНЕСКО таҷлил менамояд
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗ МАН». Даври дуюми озмуни ҷумҳуриявӣ то охири моҳ ҷамъбаст мегардад
Дар шаҳри Остона ҷаласаи умумии 78-уми Шурои мудирони Маркази байналмилалии илмию техникӣ доир гардид