35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва 10 муассисаи томактабӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 15.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бунёди 6 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 7140 ҷойи нишаст, сохтмони 10 муассисаи томактабӣ барои 2020 ҷой ва сохтмони 102 бинои баландошёнаи истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст. Дар ин хусус 14 феврал зимни нишасти матбуотӣ раиси ноҳия Умед Гуреззода ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ҳамзамон таъкид шуд, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Солҳои рушди саноат дар ноҳия 23 коргоҳу корхонаи саноатӣ, марказҳои замонавии савдою хизматрасонӣ ва бунёди 3 гулгашт дар назар аст.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 таъмири ҷории роҳҳои ҳудуди ноҳия бо масоҳати умумии 45 500 метри мураббаъ ба нақша гирифта шуд. Ба ҳолати 1 январи соли 2024 иҷрои корҳо 46546,2 метри мураббаъро ташкил намуд, ки 102,3 фоизи нақшаро дар бар мегирад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд






