7 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Хадамоти иҷро ва Маркази тадқиқоти стратегӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад

Февраль 6, 2024 15:00

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2023 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад.

Нишасти матбуотӣ дар Маркази тадқиқоти стратегӣ соати 09:00 доир мегардад.

Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа нишасти матбуотӣ соати 10:00 баргузор мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ соати 11:00 доир мегардад.

Дар Хадамоти зиддиинҳисорӣ нишасти матбуотӣ соати 11:00 барпо мешавад.

Нишасти матбуотӣ дар Хадамоти иҷро соати 14:00 баргузор мегардад.

Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисод нишасти матбуотӣ соати 09:00 гузаронида мешавад.

Масъулини вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳое, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вақти баргузории нишастҳои матбуотиро бо АМИТ «Ховар» мувофиқа менамоянд.

Телефонҳо барои тамос: 238-54-23, 888-08-34-04, 946-04-00-00.

Эълонҳо оид ба вақт ва макони баргузории нишастҳои матбуотӣ ҳар рӯзи корӣ дар сомонаи АМИТ «Ховар» — www.khovar.tj ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ нашр мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 6, 2024 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад