АФСАРОНУ САРБОЗОНИ БОНАНГУ НОМУСИ ВАТАН –ИФТИХОРИ МО! Ҳифзи сарзамини аҷдодӣ вазифаи муқаддас аст

Февраль 22, 2024 15:48

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон 31 сол пур мешавад. 23 феврали соли 1993 нахустин расми гузашти низомӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор гардид ва ин рӯз расман Рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол ва яке аз дастовардҳои муҳимтарини он ба ҳисоб рафта, аз рӯзҳои аввали таъсис вазифаҳои муқаддасу пуршараф – ҳимояи соҳибихтиёрии давлат, таъмин намудани сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа ба дӯши онҳо гузошта шуданд.

Қувваҳои Мусаллаҳ бо талошҳои пайгиронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба неруи қудратманди низомӣ табдил ёфт.

Афсарону сарбозони далеру шуҷои Қувваҳои Мусаллаҳ дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ қарзи ватандорӣ ва рисолати ватандӯстонаашонро иҷро намуда, дар ҷодаи барқарорсозии сохти конститутсионӣ ва ба эътидол овардани вазъият дар ҷумҳурӣ саҳми басе арзишманд ва таърихӣ гузоштаанд.

Хизмат ба Ватан барои насли ҷавон яке аз муҳимтарин мактаби обутоб дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ меомӯзанд.

Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронӣ  бахшида ба 30-солагии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз доштанд, ки «бовар дорам, ки ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат минбаъд низ рисолати муқаддас ва қарзи ҷавонмардӣ– ҳифзи амнияти давлату ҷомеа, зиндагии осоишта ва заҳмати созандаи мардуми Тоҷикистонро бо интизоми намунавӣ, донишу малакаи муосир, руҳияи баланди ватандӯстӣ, иродаи мустаҳкам, садоқат ба Ватан, давлат, халқи мамлакат ва касби бошарафи хеш сарбаландона иҷро менамояд. Ман ба далериву шуҷоат, ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозони бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор менамоям».

Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат имрӯз ба неруи пуриқтидори ҳимоятгари воқеии марзҳои муқаддаси Ватан, кафили сулҳу суботи комили ҷомеа, ваҳдату осоиштагӣ дар мамлакат ва мактаби бузурги тарбияи насли ватандӯсту хештаншинос табдил ёфтааст.

Бояд гуфт, ки ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок андешида мешаванд ва сол то сол сафи ихтиёриёни ҷавон ба хизмати ҳарбӣ меафзояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» 28 декабри соли 2023 иброз доштанд, ки «бо беҳтарин шароити зиндагиву хизмат таъмин намудани хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, такмил додани дониши тахассусӣ ва сатҳи касбияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси масъулиятшиносӣ ва ватандӯстиву ватанпарастии афсарону сарбозон аз қабили ин тадбирҳо мебошанд. Ҳукумати мамлакат дар ин самт, аз ҷумла доир ба навсозии иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамаи тадбирҳои заруриро андешида истодааст ва ин раванд минбаъд низ идома меёбад. Ҳадафи мо аз навсозии имконияти Қувваҳои Мусаллаҳ боз ҳам беҳтар таъмин намудани амният ва суботи ҷумҳуриамон мебошад».

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри мустаҳкам намудани қобилияти мудофиавии ҷумҳурӣ, баланд бардоштани сатҳи омодабошии ҷангӣ, беҳтар гардонидани шароити моддӣ-техникӣ ва боз ҳам хубтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ғамхории пайваста зоҳир менамояд. Бо ин мақсад аз 1 январи соли 2024 маоши амалкунандаи хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба андозаи 40 фоиз зиёд шуд.

Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».

Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 22, 2024 15:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Истиқлолияти давлатӣ дар вилояти Суғд ба рушди куллии соҳаҳои ҳаётан муҳим заминаи устувор гузошт
ПАРЛАМЕНТ ВА ДИПЛОМАТИЯИ МИЛЛӢ: 35 СОЛИ ТАҶРИБАИ ДАВЛАТДОРИИ МУСТАҚИЛИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ
35 СОЛИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ: давлатсозӣ, сулҳу ваҳдат ва ташаккули сиёсати хориҷии мустақили Тоҷикистон
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ АБӮАЛӢ ИБНИ СИНО: МУАРРИФИИ МИЛЛАТИ АРҶГУЗОР БА ИЛМУ ДОНИШ. Мулоҳизаҳо дар ин хусус
Истиқлолияти давлатӣ заминаи таҳкими волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон мебошад
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Нусратулло Давлатзода: «Истиқлоли давлатии Тоҷикистон нодиртарин падидаи сиёсӣ ва сарнавиштсоз мебошад»
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Маҳкам Маҳмудзода: «Истиқлоли давлатӣ дастоварди волотарини давлати тоҷикон маҳсуб мешавад»
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд
Баҳодур Шерализода: «35 соли Истиқлоли давлатӣ барои рушди соҳаи ҳифзи муҳити зист заминаи мусоид гузошт»