Ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар доираи TITE бо директори Пажуҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Эрон вохӯрӣ намуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Намоишгоҳи 17-уми байналмилалии сайёҳии Теҳрон ва саноати марбут ба он (TITE) ҳайати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Исломбек Зоирзода бо директори Пажуҳишгоҳи мероси фарҳангӣ ва сайёҳии Ҷумҳурии исломии Эрон доктор Мустафо Деҳпаҳлавон вохӯрии судманд анҷом дод.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҷонибҳо масоили гуногуни марбут ба рушди ҳамкории илмӣ ва инноватсиониро баррасӣ намуданд.
Махсусан амалӣ намудани ҳамкории илмӣ, коркарди лоиҳаҳои муштараки инноватсионӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии омӯзгорон, иштирок дар чорабиниҳои илмии муштарак ва амсоли ин мавзуи калидии вохӯрӣ маҳсуб шуд.
«Инчунин тақвияти ҳамкорӣ дар самти фаъолияти паркҳои технологӣ низ мавриди баррасӣ қарор дода шуд»,- иттилоъ медиҳад манбаъ.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






