Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид

Февраль 6, 2024 09:25

ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо  рафти корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ медиҳад.

Меҳмононро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии неругоҳ аз наздик шинос намуданд.

Боздид аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии неругоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрас, ки ҳама дар зери замин ҷойгир мебошанд, барои ҳайати дипломатҳо  мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.

АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»

Февраль 6, 2024 09:25

Хабарҳои дигари ин бахш

30 сохтмончии Неругоҳи барқи обии «Роғун» аз ҷониби Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон қадрдонӣ гардид
«РОҒУН» — ИФТИХОРИ ҲАР ФАРДИ ТОҶИКИСТОН. Ҳайати Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба тамошои ин неругоҳ рафт
Валиаҳди Шоҳигарии Негери-Сембилани Малайзия: «Таваҷҷуҳи Роҳбарияти олии Тоҷикистон ба татбиқи лоиҳаи НБО-и «Роғун» шоистаи таҳсин аст»
Дар Тошканд ҷаласаи машваратии давлатҳои наздисоҳилӣ доир ба маблағгузории устувори лоиҳаи НБО «Роғун» баргузор гардид
Аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба Неругоҳи барқи обии «Роғун» рафтанд
Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд