Ҳайати Қирғизистон бо ҷараёни корҳо дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос гардид
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 5 феврал Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қирғизистон Жээнбек Кулубаев дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рафти корҳо дар иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» иттилоъ медиҳад.
Меҳмононро мутахассисони Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо лоиҳа ва ҷараёни корҳо дар иншооти асосии неругоҳ аз наздик шинос намуданд.
Боздид аз иншооти нақби сохтмонии қабати чаҳорум (СТ-4), сарбанди бунёдшавандаи хокию сангии баландтарини дунё бо иртиқои 335 метр, обқабулкунакҳои асосии неругоҳ дар тарози 1172 метр аз сатҳи баҳр, толори мошинҳо, бинои трансформаторҳо ва дигар иншооту нақбҳои нақлиётию дастрас, ки ҳама дар зери замин ҷойгир мебошанд, барои ҳайати дипломатҳо мароқангез ва қобили таваҷҷуҳ буд.
АКС: Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун»








Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
«РОҒУН» — РАМЗИ ҚУДРАТИ ЭНЕРГЕТИКИИ ТОҶИКИСТОН ДАР АРСАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Андешаҳо дар ин маврид
«РОҒУН» — КОХИ НУР. Сарбанди ин неругоҳ баландтарин садди обӣ дар ҷаҳон хоҳад буд
Дар бунёди неругоҳи «Роғун» 20 ҳазор коргарону кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Моҳи сентябри соли 2027 агрегати рақами 4-и неругоҳи «Роғун» ба истифода дода мешавад
Тоҷикистон барои бунёди неругоҳи «Роғун» маблағҳои иловагии созмонҳои байналмилалии молиявиро ҷалб менамояд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон: «Ман ба масъулиятшиносӣ, таҷриба ва заҳмати софдилонаи бунёдгарони «Роғун» эътимоди комил дорам»
Президенти Тоҷикистон: «Бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» муҳимтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон аст»
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бо бунёдгарони Неругоҳи «Роғун» мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар дигар мавзеъҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» боздид намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар cарбанди Неругоҳи «Роғун» шинос шуданд






