Ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия доир шуд
ДУШАНБЕ, 06.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Истанбули Туркия бо иштироки роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати фарҳанг ва сайёҳии Ҷумҳурии Туркия ҷаласаи 3-юми Комиссияи муштараки техникӣ оид ба ҳамкории сайёҳӣ байни Тоҷикистон ва Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи рушди сайёҳӣ хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа ҷонибҳо маҷмуи масъалаҳои ҳамкории сайёҳии Тоҷикистон ва Туркияро мавриди баррасӣ қарор дода, рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ ва афзоиши шумораи сайёҳони тоҷику туркро муҳим арзёбӣ намуданд.
Аз натиҷаи ин ҷаласа санадҳои ҳамкорӣ, аз ҷумла Протокол ва Нақшаи амали он ба имзо расонида шуданд.
Ҳамзамон дар ҳошияи сафар ҳайати Тоҷикистон дар Агентии муаррифӣ ва рушди сайёҳӣ (TGA), Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар сохторҳои давлатию тиҷоратии соҳаи сайёҳии Туркия бо роҳбарият мулоқот анҷом дод.
Зимни ҷаласаҳо оид ба сохтор ва фаъолияти ин ташкилот рӯнамоҳои дахлдор пешниҳод гардида, имконияти тақвияти ҳамкорӣ, аз ҷумла дар самти мубодилаи таҷриба байни ширкатҳои сайёҳии ду давлат баррасӣ шуд.
АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон










Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст
Ширкатҳои Тоҷикистон ҳамкориро бо соҳибкорони Ҷопон таҳким мебахшанд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкории иттилоотӣ дар соҳаи таъминоти нафақа ба имзо расид
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон бо лоиҳаҳои рақамикунонии ширкати «KEGOC»-и Қазоқистон шинос шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд






