Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд

Февраль 13, 2024 09:06

ДУШАНБЕ, 13.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Номзад ба мақоми президенти Финландия аз Ҳизби эътилофи миллӣ Александр Стубб дар интихоботи президентӣ, ки шоми якшанбе баргузор гардид, бо андак бартарӣ пирӯз шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии «Синхуа».

Тибқи маълумоти вазорати адлияи Финландия, пас аз ҳисоби тамоми баргаҳои овоздиҳӣ Александр Стубб дар даври ниҳоӣ 51,6 дарсад овоз гирифта, номзади мустақил, узви ҳизби «Иттиҳоди сабз» Пекка Хаависто 48,4 дарсади овозҳоро ба даст овардааст.

Александр Стубб 1 март ба ҳайси президенти 13-уми Финландия савганд ёд менамояд.

АКС: «Синхуа»

Февраль 13, 2024 09:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари фаромадани ярч ва обхезӣ дар шимоли Ҳиндустон 51 нафар ҳалок гардид
Созмони ҷаҳонии тандурустӣ чораҳои муҳофизат аз гармии тобистонро пешниҳод менамояд
Гармои шадид дар Аврупо сабаби сӯхтори ҷангалҳо гардид
Беш аз 2 миллиард одамон ба оби тозаи ошомиданӣ дастрасӣ надоранд
Даҳҳо ҳазор нафар дар ҷануби Чин бар асари тӯфон кӯчонида шуданд
Дар Ҳиндустон ҳавопаймо суқут кард
Дар Фаронса барои кӯдакони то 15-сола истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ манъ карда мешавад
Дар Қазоқистон пешниҳод намуданд, ки пӯшидани фаранҷӣ ва ниқоб манъ карда шавад
«МО ЯК УҚЁНУСЕМ». Фаронса мизбони сеюмин Конфронси СММ оид ба Уқёнус хоҳад буд
Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид