«Амонатбонк» ва Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор медиҳанд
ДУШАНБЕ, 28.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Амонатбонк» ҳамкориро бо Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана (WSBI) тақвият медиҳад.
Дар доираи ҳамкории пурсамари Корхонаи воҳиди давлатии /КВД/ Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ мулоқоти маҷозии раиси Раёсати Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Алиҷон Салимзода бо директори Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана Питер Саимонс оид ба густариш додани ҳамкории судманд бо ин ниҳоди молиявии байналхалқӣ баргузор гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» иттилоъ медиҳад, ки дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо аз ҳамкории дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд. Иброз дошта шуд, ки ояндаи наздик нақшаи кории муштарак таҳия шуда, ҷонибҳо муносибатҳои шарикиро дар сатҳи нав қарор медиҳанд.
«Амонатбонк» аз соли 2004 инҷониб аъзои Институти ҷаҳонии бонкҳои амонатгузорӣ ва чакана буда, то имрӯз бо ин ниҳоди байналмилалӣ дар самтҳои гуногун ҳамкорӣ менамояд.
АКС: Корхонаи воҳиди давлатии Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк»








Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад
Оид ба тақвияти ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи геология Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи меъморию сохтмон баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2400 то 9.2500 сомонӣ муқаррар гардидааст
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Харитаи роҳ оид ба тақвияти минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ба имзо расид
Дар Мамнуъгоҳи давлатии «Зоркӯл» камераҳои аксбардории худкор насб карда шуданд
Дар ноҳияи Данғара татбиқи технологияҳои инноватсионии парвариши зироат дар заминҳои лалмӣ баррасӣ гардид
Дар Душанбе картошкаи калонтарин ба намоиш-фурӯш гузошта шуд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон Созишномаи қолабӣ оид ба ҳамкорӣ дар самти таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба имзо расид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси ваколатдори Иттиҳоди байналмилалии телекоммуникатсия иштирок дорад
Дар Душанбе форум ва конфронси байналмилалии зиддикоррупсионӣ доир мегарданд
Ҳаҷми умумии қарзҳои додашуда дар Тоҷикистон 25,5 фоиз зиёд гардидааст






