Бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон байни кормандони вазорату идораҳо мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Февраль 21, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 21.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 31-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни кормандони вазорату идора ва ташкилоту муассисаҳои ҷумҳуриявӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди футболи хурд ва шоҳмоту шашка оғоз гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати тарбияи ҷисмонӣ ва инкишофи варзиши ин кумита хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқот Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иброз дошт, ки “имрӯз Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон  имкон дорад дастоварду манфиатҳои давлати тозаистиқлол, сохти конститутсионӣ ва ҳаёти осоиштаи мардумро ҳимоя ва таъмин намояд. Артиши миллӣ дар ҳама давру замон барои ҳар давлати соҳибистиқлол пояи матин, кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардумони он сарзамин ба ҳисоб меравад”.

Ҳукумати мамлакат, бахусус Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мунтазам ба масъалаи беҳтар намудани шароити хизмат ва зиндагии афсарону сарбозон, аз лиҳози техникиву таҷҳизот навсозӣ намудани Қувваҳои Мусаллаҳ, таъминот бо лавозимоту мошинҳои ҷангӣ, баланд бардоштани сатҳи касбӣ ва омодабошии онҳо эътибори аввалиндараҷа медиҳанд. Ин аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҳамарӯза ғамхориву таваҷҷуҳи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баръало эҳсос менамоянд. Имрӯз барои хизматчиёни ҳарбӣ дар қаламрави мамлакат тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст.

Гуфта шуд, ки ба чорабиниҳои нақшавӣ аз вазорату идораҳои дахлдор 48 даста ҷалб гардида, ҷараёни баргузорӣ ва маросими ҷамъбасти мусобиқаҳо дар арафаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон доир мешавад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид