«Бонки Эсхата» аввалин шуда дар Тоҷикистон ба барориши вомбаргҳои сабз шуруъ намуд

Февраль 15, 2024 16:08

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Бонки Эсхата»  аввалин шуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба барориши вомбаргҳои сабз шуруъ намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ҶСК «Бонки Эсхата».

Чорабинӣ бахшида ба барориши нахустин вомбаргҳои сабзи Бонки Эсхата 15 феврал дар бинои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати молия, Бонки миллии Тоҷикистон, ташкилоти молиявии байналмилалӣ ва маҳаллӣ, шарикон, ассотсиатсияҳои соҳибкорон, ширкатҳои суғуртавӣ, операторони мобилӣ, мушовирон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Барориши коғазҳои қиматноки сабз дар Тоҷикистон ба дастгирӣ ва маблағгузории лоиҳаҳои марбут ба манбаъҳои энергияи тоза, сарфаи энергия ва ҳифзи муҳити зист мусоидат менамояд. Ин дар самти гузариш ба иқтисодиёти «сабз», ҷалби сармоя ва таҳкими мақоми Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи рушди устувор кумак менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки вомбаргҳои сабзи Бонки Эсхата дар Феҳристи ягонаи давлатии коғазҳои қиматноки сабзи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт шуда, бонк соҳиби Шаҳодатнома гардид.

Бонки Эсхата таҳти сарварии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми ваколатдор оид ба рушд ва танзими бозори коғазҳои қиматноки мамлакат аҳамияти гузариш ба иқтисодиёти «сабз»-ро эътироф менамояд. Он дар ҳуҷҷатҳои стратегии ҷумҳурӣ, инчунин дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» таъкид гардидааст. Дар ин самт бонк бо мушовирони Корпоратсияи Байналмилалии Молиявӣ (IFC) дар доираи лоиҳаҳое, ки ба принсипҳои масъулияти иҷтимоӣ ва экологӣ, идоракунии корпоративӣ (ESG) ва рушди устувор, инчунин ба рушди маблағгузории «сабз» равона шудааст, ҳамкории зич дорад.

Дар чорабинӣ Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода, Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода, Роҳбари Намояндагии IFC дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Султонов, Раиси Шурои нозирони Бонки Эсхата Райнер Мюллер-Ханке ва раиси раёсати бонк Акмалҷон Сайфидинов сухан намуданд.

Барориши вомбаргҳои корпоративии сабз қадами муҳим дар самти татбиқи ин имконият мебошад. Бо равона намудани сармоя барои дар амал татбиқ кардани лоиҳаҳо ва ташаббусҳое, ки ба устувории экологӣ ва масъулияти иҷтимоӣ мусоидат менамоянд, мо на танҳо ояндаи Тоҷикистонро сармоягузорӣ менамоем, балки некӯаҳволии сайёраамонро барои наслҳои оянда ҳифз месозем.

«Маблағҳое, ки тавассути ин ташаббус ҷалб мешаванд, барои лоиҳаҳои маблағгузории энергияи барқароршаванда, самаранокии энергия, кишоварзии устувор, идоракунии партовҳо ва дигар талошҳои ҳифзи муҳити зист истифода мешаванд. Ин лоиҳаҳо на танҳо ҷойҳои корӣ эҷод менамоянд, балки инчунин ба коҳиш додани ихроҷи гази карбон ва коҳиш додани тағйирёбии иқлим мусоидат менамоянд»,- гуфт Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода.

Ба гуфти Директори Агентии коғазҳои қиматнок ва бақайдгирии махсуси Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Абдураҳмонзода, «барориши маблағгузории корпоративии “сабз”  уҳдадории Тоҷикистонро ба ҳадафҳои байналмилалии иқлим ва иҷрои уҳдадориҳоро дар доираи Созишномаи Париж таъкид менамояд. Бо ҳамоҳангсозии фаъолияти молиявӣ бо стандартҳои ҷаҳонии рушди устувор мо ҷомеаи ҷаҳониро аз ҷиддӣ будани муносибати Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва бунёди ояндаи устувор хабардор месозем».

Бонки Эсхата кӯшиш менамояд, ки иқтидори молиявиро барои бунёди ояндаи аз ҷиҳати экологӣ устувор истифода бурда, на танҳо ба самаранокии иқтисодӣ, балки ба таъсири экологии лоиҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир намояд.

АКС: Бонки Эсхата

Февраль 15, 2024 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ассосиатсияи бонкҳои Тоҷикистон оид ба моҳияти стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ машварати омӯзишӣ баргузор шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1245 то 0.1250 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.5700 то 10.6700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон фаъолияти низоми суғурта дар соли равон натиҷагирӣ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1223 то 0.1230 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 доллари ИМА аз 10.6640 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0.1207 то 0.1215 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар Бонки миллии Тоҷикистон масъалаи муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда баррасӣ гардид
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1211 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.6608 то 11.7000 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1204 то 0.1220 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 10.6734 то 10.7000 сомонӣ муқаррар шудааст