Дар Бадахшон занон-модарон ба дидорбинии фарзандон – сарбозони Ватан рафтанд

Февраль 22, 2024 14:15

ДУШАНБЕ, 22.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон роҳбарияти вилоят ва  модарону занон ба  қисми ҳарбии Вазорати корҳои дохилӣ дар вилдоят рафта, бо шароити хизмат ва зиндагии сарбозон шинос гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят хабар медиҳад.

Роҳбарияти вилоят афсарон ва сарбозонро ба муносибати 31 –солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи тамоми модарони вилоят табрик намуданд.

Гуфта шуд, ки маҳз муҳаббати модар ба фарзанд аст, ки имрӯз модарон ба дидорбинии сарбозон ва афсарони шуҷои Ватан омада, онҳоро ба дӯст доштани Ватан ва ҳифзи сарзамини аҷдодӣ даъват менамоянд.

Мояи ифтихор ва сарфарозии модари тоҷик аст, ки фарзандони баномус, ватандӯст ва ватанпарвари тарбиянамудааш  баҳри ҳимояи Ватан ва марзҳои давлатӣ дар тамоми қисмҳои ҳарбӣ сарбаландона адои хизмат намуда, дар таъмини сулҳу субот ва осудагии мардум саҳм мегузоранд.

Дастгирии Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки ҳамасола барои сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ шароити хуб фароҳам мегардад.

Сарбозон бо изҳори сипос ба модарон омодагиашонро  ба ҳифзи марзу буми Ватан иброз намуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Февраль 22, 2024 14:15

Хабарҳои дигари ин бахш

80 корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили зист таъмин мешаванд
Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд