Дар Боку таҳкими ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон мавриди баррасӣ қарор гирифт

Февраль 21, 2024 18:22

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи сафар ба шаҳри Боку ва иштирок дар Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парлумонии Осиё Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиби матбуоти Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Таъкид карда шуд, ки мулоқоти имрӯза ба рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.

Изҳор гардид, ки Озарбойҷон дар стратегияи сиёсати хориҷии Тоҷикистон яке аз ҷойҳои муҳимро ишғол менамояд ва Тоҷикистон ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкорӣ бо Озарбойҷон манфиатдор мебошад.

Зимни мулоқот Маҳмадтоир Зокирзода ҳавасмандии парлумони Тоҷикистонро ба рушд ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон баён намуд.
«Раванди густариши равобити дуҷонибаи байнипарлумонии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нишон медиҳад, ки ҷонибҳо ҳамеша ба таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд манфиатдор мебошанд, — иброз дошт раиси Маҷлиси намояндагон. — Гурӯҳи байнипарлумонии дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Милли Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон яке аз аввалинҳое мебошад, ки пас аз ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ва таъсиси Парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардидааст».

Ҳамкорӣ бо Парлумони Озарбойҷон дар чаҳорчӯби Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо,  Ассамблеяи парлумонии Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва дигар созмону иттиҳодияҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ низ тазаккур дода шуд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 21, 2024 18:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Робитаҳои байнипарламентии Тоҷикистону Туркия густариш меёбанд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома қабул шуд
Нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ