Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон 11 шаҳрванди хориҷӣ забони тоҷикӣ меомӯзад
ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода 8 омӯзгори хориҷӣ фаъолият намуда, 13 шаҳрванди хориҷӣ ба ҳайси шунавандаи забономӯз дар назди кафедраҳо ба таҳсил фаро гирифта шуд, ки аз онҳо 11 нафар забони тоҷикӣ меомӯзад. Дар ин хусус Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода 8 феврал зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Гуфта шуд, ки дар донишгоҳ 395 шаҳрванди хориҷӣ аз Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Арабистони Саудӣ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра 48 донишҷӯи донишгоҳ барои идомаи таҳсил ба хориҷи мамлакат ҷалб гардида, 23 омӯзгор ва корманди донишгоҳ дар хориҷи ҷумҳурӣ аз такмили ихтисос ва бозомӯзӣ бомуваффақият гузаштанд.
Давоми соли 2023 донишҷӯёни донишгоҳ дар озмунҳои байналмилалии «Маҳорати нутқ»-и забони ҷопонӣ (3 нафар), «Натоқони забони куриëӣ» (3 нафар), «Пули забони чинӣ» (1 нафар) ва «Забони ҳиндӣ» (7 нафар) ҷойҳои ифтихориро сазовор гаштанд.
Дар ин давра раёсати донишгоҳ дар форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Осиёи Марказӣ ва Форуми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Беларус иштирок намуд.
«Дастоварди дигари муассиса он аст, ки дар ин давра 9 барномаи таҳсилотӣ дар зинаи бакалавриат аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузашт»,-илова намуд Ректори Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон Жило Гулназарзода.
София ШОИК,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд






