Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода аз рӯйи 7 ихтисоси нав, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, қабули донишҷӯёнро оғоз менамояд. Дар ин хусус ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
«Аз ҷумла, ихтисоси «Таърих ва назарияи фарҳанг», «Таъриху фарҳангшиносӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Китобхонашиносӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Рӯзноманигорӣ», «Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология)» ва «Санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ» таъсис дода шуд»,- гуфт ректори донишкада.
Иброз гардид, ки бо ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав тасмим гирифта шудааст, ки мутахассисони варзида, бахусус кадрҳои омӯзгорӣ, ки талабот ба онҳо зиёд аст, омода шаванд. Гуфта шуд, ки ғайр аз ихтисоси «Санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ» хатмкардаҳои дигар ихтисосҳо метавонанд ҳамчун омӯзгор фаъолият намоянд.
Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2022-2023 донишҷӯёни донишкада бори аввал ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳангро хатм намуданд.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Як матову сад ранг» баргузор гардид
Дар шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон намоиш-фурӯши китоб доир гардид
«МАРДИ АРСАИ ҲУНАР». Таҳти чунин унвон оид ба фаъолияти Сафармуҳаммад Айюбӣ китоб ба нашр расид
Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд






