Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон 7 ихтисоси нав ташкил карда шуд

Февраль 9, 2024 16:32

ДУШАНБЕ, 09.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода  аз рӯйи 7 ихтисоси нав, ки дар бозори меҳнат талабот ба он зиёд аст, қабули донишҷӯёнро оғоз менамояд. Дар ин хусус ректори донишкада Муҳриддин Низомӣ имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

«Аз ҷумла, ихтисоси «Таърих ва назарияи фарҳанг», «Таъриху фарҳангшиносӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Фарҳанги ҷаҳонӣ ва ватанӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Китобхонашиносӣ», «Забон ва адабиёти тоҷик», «Рӯзноманигорӣ», «Кори осорхона ва ҳифзи ёдгории таърихию фарҳангӣ (таърих ва музеология)» ва «Санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ» таъсис дода шуд»,- гуфт ректори донишкада.

Иброз гардид, ки бо ҷорӣ намудани ихтисосҳои нав тасмим гирифта шудааст, ки мутахассисони варзида, бахусус кадрҳои омӯзгорӣ, ки талабот ба онҳо зиёд аст, омода шаванд. Гуфта шуд, ки ғайр аз ихтисоси «Санъати актёрии театри мусиқӣ-мазҳакавӣ» хатмкардаҳои дигар ихтисосҳо метавонанд ҳамчун омӯзгор фаъолият намоянд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки дар соли таҳсили 2022-2023 донишҷӯёни донишкада бори аввал ихтисосҳои драматургия, санъатшиносӣ, менеҷменти робитаҳои фарҳангии байналмилалӣ ва низоми иттилоотӣ дар фарҳангро хатм намуданд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад