Дар Душанбе Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳаи сохтмон ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ таъсис меёбад

Февраль 9, 2024 09:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Корпоратсияи давлатии «Росатом» ва Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия машварати муштарак доир гардид, ки зимни он ҷонибҳо омодагиашонро ҷиҳати таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва ҳамкорӣ дар самти таълим ва баланд бардоштани касабияти мутахассисон изҳор доштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмон.

Нишаст вобаста ба баррасии харитаи роҳ доир ба таҳкими ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои муайяннамудаи Ёддошти тафоҳум, ки 20 октябри соли 2023 байни Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати сохтмон ва хоҷагии манзилию коммуналӣ ва Корпоратсияи давлатии «Росатом»-и Федератсияи Русия ба имзо расидааст, доир гардид.

Дар ҷаласа инчунин масъалаи омода намудани мутахассисон дар заминаи Донишгоҳи давлатии сохтмони шаҳри Москваи Федератсияи Русия баррасӣ гардид.

Ҷонибҳо масъалаи таъсиси Маркази таълимӣ оид ба рақамикунонии соҳа ва технологияҳои иттилоотию моделсозӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намуданд.

  АКС: Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 9, 2024 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад
Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид