Дар Душанбе нақшаи баргузории ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2024 тасдиқ шуд

Февраль 6, 2024 16:28

ДУШАНБЕ, 06.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи ташкил ва гузаронидани ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзию агросаноатӣ дар соли 2024 тасдиқ шуд. Мақсад аз баргузории ярмаркаҳо таъмини сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе бо маҳсулоти хушсифати кишоварзию агросаноатӣ мебошад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар асоси ин қарор,  Раёсати рушди иқтисод ва савдои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Корхонаи воҳиди давлатии «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалияи шаҳри Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати кишоварзӣ, Агентии захираҳои моддии давлатӣ ва Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иштироки корхонаю хоҷагиҳои кишоварзии ҷумҳурӣ ҷиҳати ташкилу гузаронидани ярмаркаҳо дар пойтахт тадбирҳои муассир андешанд.

Раиси шаҳр инчунин ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсии пойтахт супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо сохтори марбутаи шаҳр бобати дар сатҳи баланди ташкилию фарҳангӣ гузаронидани ин чорабиниҳо, аз ҷумла ҷойгир намудани ғуфра ва растаҳои савдо, ки ба талаботи муосир ҷавобгӯй мебошанд, тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ҳамзамон ба Раёсати Кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дастур дода шуд, ки хизматрасонии ташхиси маҳсулоти гӯштию шириро ҳангоми баргузории ярмаркаҳо тариқи ройгон амалӣ намоянд.

Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороишӣ»-и шаҳри Душанбе низ барои ороиши макони ярмаркаҳо бо лавҳа ва шиору навиштаҷоти идона вазифадор шуд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 6, 2024 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад