Дар Хуҷанд озмуни вилоятии «Аллаи модар» ҷамъбаст гардид

Февраль 25, 2024 09:36

ДУШАНБЕ, 25.02.2024 /АМИТ «Ховар» /. Дар Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии  озмуни вилоятии «Аллаи модар»  байни занон ва аъзои фаъоли кумитаҳои иҷроияи ибтидоӣ ва ташкилоти ибтидоии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд  хабар доданд, дар даври шаҳрии озмун 11 нафар  аз рӯйи низомномаи тасдиқнамудаи Кумитаи иҷроияи вилоятӣ бо риояи ҳамаи бандҳои он  иштирок  намуданд.

Аъзои ҳакамон ба ҳунари иштирокчиён аз ҷиҳати овозу нутқ, маҳорати сароидани суруди алла, тарзи ба гаҳвора бастан, мазмуни матни он ва риояи урфу одатҳои ниёгон баҳо гузоштанд. Дар натиҷа аз рӯйи холгузории аъзои ҳакамон Шоҳҷоиза насиби Манижа Машшокирова гардида, ҷойи якумро Маҳфуза Турабекова, ҷойи дуюмро Моҳира Болтубоева ва Райҳона Мирмамадова ва ҷойи сеюмро Замира Ӯрунова ва Сурайё Файзуллоева соҳиб шуданд.

Ғолибон бо Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд сарфароз гардиданд.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд

Февраль 25, 2024 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар пойтахт Рӯзи фарҳанги вилояти Хатлон оғоз шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Шоири афғонистонӣ Аҳмад Ҳанойиш дар васфи Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон меҳрнома навишт
Тоҷикистон ба таъмини пайвастагии конфронсҳои СММ оид ба об дар солҳои 2023, 2026 ва 2028 даъват намуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 август, ҷумъа, 240-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 август, чоршанбе, 238-умин рӯзи соли 2026 аст
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
Дар Бадахшон 1300 километр роҳ дорои аҳаммияти байналмилалӣ мебошад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад