Дар Исландия оташфишонии вулқон оғоз гардид

Февраль 9, 2024 15:40

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Субҳи имрӯз дар нимҷазираи Рейкянес дар Исландия оташфишонии вулқон ба амал омад, хабар медиҳад хадамоти обуҳавошиносии мамлакат. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба РИА «Новости» иттилоъ медиҳад.

«8 феврал, соати 05:30 дар самти шимолу шарқӣ аз тарафи кӯҳи Силингарфелл фаъолияти шадиди ларзишӣ оғоз шуд. Тақрибан 30 дақиқа пас дар ин мавзеъ оташфишонии вулқон шуруъ гардид», — омадааст дар изҳороти хадамот.

Аз аксҳое, ки аз ҷониби дастаи нигаҳбони соҳил гирифта шудаанд, дида мешавад, ки оташфишонӣ дар ҳамон маконе ба назар мерасад, ки 18 декабри соли 2023 низ ба амал омада буд. Тарқише, ки  дар натиҷаи оташфишонӣ ба амал омадааст, се километр аз кӯҳи Сунднукур тамдид шудааст, менависад хадамоти обуҳавошиносӣ.

Ба Исландия фаъолнокии назарраси вулқонӣ хос аст, зеро дар он якчанд низоми вулқонии кӯҳӣ ҷойгир мебошад. Соли 2010 оташфишонии вулқони Эйяфядлайёкюдл боиси мушкилиҳои парвози ҳавоӣ дар аксар қисмати Аврупои Ғарбӣ гардида буд.

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 9, 2024 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст
Конститутсия самтҳои асосии сиёсати хориҷии Тоҷикистонро муқаррар кардааст
Дар шаҳри Бохтар ба муносибати 32-солагии қабули Конститутсия ҳамоиш доир гардид
Дар ҷамоатҳои деҳоти Ясману Ҳоити ноҳияи Рашт ба ифтихори Рӯзи Конститутсия ҳамоиши идона доир гардид
Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Хуҷанд бошукуҳ таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии Арбитраж дар Чин иштирок намуд
«КОНСТИТУТСИЯ–САРОҒОЗИ НИЗОМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ». Таҳти чунин унвон ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ–адабӣ гузаронида шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Рустами Эмомалӣ аз ҷойҳои таърихию муқаддаси шаҳри бостонии Бухоро боздид намуданд