Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Кореяи Ҷанубӣ маркази логистикӣ бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 26.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Минтақаи озоди иқтисодии /МОИ/ «Кӯлоб» маркази логистикӣ бунёд мешавад. Дар иртибот ба ин бо мақсади баррасии масъалаҳои таҳияи Асосноккунии техникӣ – иқтисодии бунёди маркази логистикӣ дар ҳудуди МОИ-и «Кӯлоб» мушовирони соҳаи логистика аз Корпоратсияи байналмилалии машваратии PwC (PricewaterhouseCoopers)-и Ҷумҳурии Корея таҳти роҳбарии Ю Ок-Дон — Роҳбари лоиҳа ва роҳбарияти Муассисаи давлатии «Нақлиёти автомобилӣ ва хизматрасонии логистикӣ»-и Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ин минтақа шинос шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад.
Зимнан имконият фароҳам оварда шуд, ки меҳмонон бо ҷараёни бунёди инфрасохтори ин минтақа ва корхонаҳои саноатӣ шинос шаванд.
Аз тарафи Роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» оид ба имконияти сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, инфрасохтори нақлиётӣ, имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳим маълумоти муфассал дар шакли рӯнамо пешниҳод шуд.
Дар доираи сафар якчанд масъалаҳои барои тарафайн муҳим, бахусус масъалаҳои таҳияи Асосноккунии техникӣ-иқтисодии бунёди маркази логистикӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо ҷалби сармояи Ҷумҳурии Корея ва истифодаи васеи имтиёзҳои мавҷуда мавриди баррасӣ қарор дода шуда, барои омода намудани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва татбиқи амалии он ҳавасмандӣ зоҳир гардид.
Ҳамзамон дар шаҳри Душанбе маросими оғози расмии лоиҳаи нақшаи рушди сохтмони низоми логистикаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар доираи он аз ҷониби роҳбари маъмурияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» муҳимияти бунёди маркази логистикӣ дар ҳудуди ин минтақа матраҳ гардида, аз тарафи иштирокдорон хуш пазируфта шуд.
АКС: Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»










Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст






