Дар шаҳри Абузабӣ масъалаи ҷалби маблағҳо барои лоиҳаи сохтмони НБО-и «Роғун» баррасӣ гардид

Февраль 29, 2024 11:42

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 28 феврал дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб дар доираи Конфронси 13-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ бо Директори генералии Фонди рушди Абузабӣ Муҳаммад Сайф Ал Сувайдӣ баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Иброз гардид, ки бо шарофати сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи роҳбарони ҳарду давлат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сатҳи ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб, аз ҷумла Фонди рушди Абузабӣ ба сатҳи баланд расида, имрӯз дар ҳамаи соҳаҳо рушд доранд.

Завқӣ Завқизода имконоти бузурги энергетикии мамлакат, бахусус энергияи “сабз”-ро муарифӣ намуда, Директори генералии Фонди рушди Абузабиро даъват намуд, ки ба лоиҳаи сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун» ва неругоҳҳои офтобию бодӣ маблағгузорӣ намоянд, ки ин даъват хуш пазируфта шуд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагиашонро ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ баён намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон

Февраль 29, 2024 11:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд
Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ҳолатҳои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо беш аз 7 фоиз зиёд шудааст
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси 31-уми тарафҳои Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим иштирок намуд
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия дурнамои рушди ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд
Тоҷикистон ҳамкориро бо давлатҳои хориҷӣ дар самти муқовимат ба коррупсия тақвият медиҳад
Дар қолаби «Осиёи Марказӣ — Чин» конференсияи дуюми вазирони сохтмон баргузор гардид
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ баргузор гардид
«ТОҶИКИСТОН-2026». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ ифтитоҳ шуд
СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ИСТЕҲСОЛУ КОРКАРДИ ПАХТА ВА САНОАТИ НАССОҶӢ. Дар доираи татбиқи он беш аз 600 ҳазор ҷойи кор таъсис меёбад