Дар шаҳри Бӯстон зиёда аз 250 ниҳоли ороишии навъи санавбар шинонида шуд
ДУШАНБЕ, 05.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Ҳар ҳафта рӯзҳои шанбе дар шаҳри Бӯстон ҳашарҳои дастҷамъона ва шанбегии умумишаҳрӣ доир гардида, дар ин тадбир роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, кормандони касбу кори гуногун ва сокинон иштирок менамоянд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон хабар доданд, 3 феврал дар шафати кӯли шаҳрӣ бо мақсади сабзкориву кабудизоркунӣ зиёда аз 250 ниҳоли ороишии навъи санавбар шинонида шуд.
Роҳбарияти шаҳр зимни шинонидани ниҳолҳои сояафкан ва ороишӣ аз мутахассисони раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ даъват намуд, ки қоидаҳои агротехникӣ, нигоҳубини доимӣ, обёрии ниҳолҳо ва дигар тадбирҳоро риоя намоянд.
Ҳамчунин масъулин баҳри назорати таъмини доимии ҷоришавии об ба кӯли шаҳрӣ, тозагии атрофи он, рангубори панҷараҳо, чароғонкунӣ ва дигар тадбирҳои ободонӣ вазифадор карда шуданд.
Таъкид гардид, ки барои истироҳату фароғати сокинон ва ҷалби бештари сайёҳон бояд ин гӯшаи шаҳр ободу зебо ва ба макони баргузории чорабиниҳои умумишаҳрӣ табдил дода шавад.
АКС: мақомоти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон








ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд






