Дар Теҳрон ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай доир гардид
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 20-22 феврал дар шаҳри Теҳрон таҳти раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамраисии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаласаи Гурӯҳи кории махсус оид ба мусоидат ба сармоягузории давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи рушди иқтисодии Созмони ҳамкории Шанхай барои давраи то соли 2030 ва Барномаи ҳамкории бисёрҷонибаи тиҷоративу иқтисодии давлатҳои аъзои СҲШ дар бахши марбут ба ҳамкории сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳамчунин ҷонибҳо роҷеъ ба лоиҳаи Созишнома дар бораи таъсиси Хазинаи сармоягузории Созмони ҳамкории Шанхай ва Консепсияи таъсиси Ассотсиатсияи сармоягузорони ин созмон табодули афкор намуданд.
Зимни нишаст ҷониби Тоҷикистон имконияти сармоягузории мамлакатро муаррифӣ намуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар бахши сармоягузорӣ баррасӣ гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи UNECE доир ба иқтисоди даврӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо устондори Муборак Ал-Кабири Кувайт вохӯрӣ намуд
Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Конститутсия ва Парчами давлатӣ дар шаҳри Боку таҷлил карда шуд
Дар Донишгоҳи тиббии Исломобод «Рӯзи илми Сино» баргузор шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар Ҳамоиши байналмилалии таъмини амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар нишасти муштараки Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд
Маҷаллаи «The Times Kuwait» зери унвони «Тоҷикистон: кӯлҳои кӯҳистонӣ, достонҳои куҳан ва меҳмоннавозии гарм» матлаб нашр кардааст
Сафири Тоҷикистон бо устондори Ал-Ҷаҳрои Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Дар шаҳри Путраҷая мулоқоти ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Малайзия баргузор шуд






