Дар яке аз роҳҳои Индонезия бар асари фаромадани ярч чор нафар ҳалок ва шаш нафар захмӣ шуданд

Февраль 27, 2024 13:41

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи маълумоти иҷрокунандаи вазифаи роҳбари агентии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии музофоти Сулавеси Ҷанубӣ Амсон Пандоло, дар натиҷаи фаромадани сел дар роҳи музофоти Сулавеси Ҷанубӣ дар Индонезия чор нафар ҳалок ва шаш нафар захмӣ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин хусус «Синхуа» хабар додааст.

Ҳодиса дар минтақаи Бастем — Утара тақрибан соати 09:00 ба вақти маҳаллӣ баъди  боронҳои шадиди шаби якшанбе рух додааст. Зиёда аз бист нафар дар натиҷаи ярч зарар дидаанд. Наҷотдиҳандагон ҷасадҳои ҳалокшудагонро берун бароварда, захмиёнро ба маркази тиббии деҳаи ҳамсоя интиқол додаанд.

Ҳамчунин дар бораи вайрон шудани шоҳроҳ ва баста шудани роҳе, ки чанд деҳаро мепайваст, гузориш дода шудааст. Гуфта мешавад, ки дар Индонезия дар мавсими боронгарӣ  обхезӣ ва ярч тез-тез ба амал меоянд.

АКС аз бойгонӣ

Февраль 27, 2024 13:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 18 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад
Дар Тоҷикистон масоҳати хонаҳои истиқоматӣ бештар гардидааст
Дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Мардуми ноҳияи Рашт дар симои Пешвои миллат наҷотбахши миллату давлат, кафили сулҳу ваҳдат ва эҳёгари фарҳанги миллиро мебинанд
Таҳти унвони «Нақши Пешвои миллат дар ташаккул ва рушди фарҳанги миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
«ПРЕЗИДЕНТ — КАФИЛИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁДУ ДЕМОКРАТӢ». Дар ин мавзуъ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд