ДАРАХТ БИНШОН! Дар масири роҳи Душанбе-Чанок дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида шуданд
ДУШАНБЕ, 18.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории шанбегиҳо дар масири роҳи Душанбе-Чанок шумораи зиёди дарахтони ороишӣ ва сояафкан шинонида, саҳмашонро дар сарсабзу хуррамгардонии мамлакат гузоштанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба IRS.
Давоми солҳои соҳибистиқлолӣ бо иқдоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба баланд бардоштани маърифату фарҳанги экологии шаҳрвандон таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуда, зиёда аз 40 қонун ва барномаи давлатӣ таҳия, қабул, ҷонибдорӣ ва мавриди амал қарор гирифтанд.
Иштироки Пешвои миллат дар маъракаҳои ниҳолшинонӣ ва ба корҳои ободонию созандагӣ, сабзу хуррамгардонии кӯчаю маҳал, хиёбон, манзилҳои зист, беҳдошти муҳити атроф, бунёди боғҳои дарахтони мевадиҳандаю сояафкан ҳидоят намудани аҳолӣ, инчунин муроҷиати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷиҳати ба «шаҳри сабз» табдил додани пойтахти мамлакат намунаи олии ташаббускорӣ дар ин бобат маҳсуб мешавад.
Ин амалҳои нек дар ташаккули шуури экологии ҷомеа саҳми арзанда гузошта, ба ҷалби дигарон ба ин самт мусоидат менамоянд. Баҳри ҳамовозӣ ба ибтикори ниҳолшинонӣ кормандони «IRS» дар доираи дигар чорабиниҳои ба ҳифзи муҳити зист дахлдошта дар Варзоб, Зарафшон ва Суғд минтақаҳои дахлдорро аз партов тоза намуда, атрофи дарахтони мавҷударо нарм намуданд.
АКС: Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






