Дастаи чавгонбозони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба чавгонбозӣ дар ҷойи дуюм қарор дорад
ДУШАНБЕ, 29.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дастаи чавгонбозони Тоҷикистон дар Чемпионати Осиёи Марказӣ оид ба чавгонбозӣ байни мардон дар ҷойи дуюм қарор дорад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Чемпионат дар шаҳри Андиҷони Узбекистон то 2 март идома ёфта, дар он дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон, Узбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон иштирок доранд.
Дастаи чавгонбозони Тоҷикистон дар ду даври аввал бар дастаҳои Қирғизистон (5:0) ва Қазоқистон (2:0) ғалаба намуда, бо шаш хол дар ҷои дуюм мавқеъ дорад. Дастаи чавгонбозони Тоҷикистон дар даври сеюм бо дастаи Узбекистон вомехӯрад.
АКС аз манбаъҳои боз








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






