Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» бо Сафири Озарбойҷон мулоқот намуд

Февраль 21, 2024 12:29

ДУШАНБЕ, 21.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрўз Директори Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» Субҳиддин Шамсиддинзода  бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Аскаров мулоқот  намуд.

Зимни мулоқот Субҳиддин Шамсиддинзода иброз намуд, ки Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ба густариш ва таҳкими робитаҳои дуҷониба бо агентиҳои иттилоотии давлатҳои ИДМ, махсусан бо АЗЕРТАҶ ҳавасманд мебошад.

«Давлати  мо таҳти роҳбарии дурандешонаи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якчанд ташаббусҳои глобалӣ пешниҳод намуд, ки инъикоси он аз ҷониби  шарикони мо ба нафъи сокинони сайёра  мебошад. Зимнан гуфта шуд, ки моҳи июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мешавад. Мо тамоми шариконамонро барои инъикоси ин чорабинии сатҳи баланд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мешавад, даъват менамоем», — изҳор дошт дар анҷоми мулоқот Субҳиддин Шамсиддинзода.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 21, 2024 12:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд