Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон: «Баланд бардоштани маҳорати касбии омӯзгорон яке аз масъалаҳои асосии раванди таълим маҳсуб мешавад»
ДУШАНБЕ, 01.02.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли гузашта 50 нафар омўзгори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ба курсҳои омўзишии такмили ихтисос дар дохил ва берун аз мамлакат ҷалб гардиданд. Инчунин аз ҷониби шуъбаи таҷрибаомўзӣ ва рушди касбияти донишгоҳ 6 курси кутоҳмуддати омўзишӣ ташкил гардида, 112 нафар омўзгор дар онҳо такмили ихтисос намуданд. Ин матлабро зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Хайрулло Назарзода баён дошт.
Хайрулло Назарзода гуфт, ки раёсати Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия тадбирҳои муассир андешида, аз ҷумла ба яке аз масъалаҳои асосии раванди таълим — баланд бардоштани маҳорати касбии омўзгорон таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
Номбурда ёдовар шуд, ки Сарвари давлат пайваста таъкид менамоянд, ки мо, устодони муассисаҳои олии мамлакат ба донишҷўён танҳо диплом не, балки дониши мукаммал диҳем, онҳоро ҳамчун мутахассисони варзида ба камол расонем, то дар рушди Ватан саҳми арзанда гузоранд. Бояд гуфт, ки таъмини сатҳи баланди донишомўзӣ дар кадом муассисаи таълимие, ки набошад ба омўзгорони касбияташон баланд вобастагӣ дорад.
«Инчунин дар донишгоҳ ҷиҳати татбиқи «Консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамӣ» курсҳои кутоҳмуддат барои омўзгорон аз рўи Барномаи «Рақамикунонии таҳсилот» гузаронида шуд, ки дар он 90 нафар омўзгорон иштирок намуда, дар ин самт маълумоти зарурӣ гирифтанд»,-илова намуд ректор.
Дар нишасти хабарӣ гуфта шуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тибқи раддабандии Агентии назорат дар соҳаи илм ва маорифи назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба даҳгонаи беҳтарин муассисаҳои олии Тоҷикистон шомил гардидааст.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд






