Форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай дар Қазоқистон мегузарад
ДУШАНБЕ, 02.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Алмато рӯзи панҷшанбе форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ), ки аз ҷониби Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон ташкил шудааст, ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба агентии иттилоотии «Синхуа» хабар медиҳад.
«Ҳамкорӣ дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай уфуқҳои навро барои рушди IT дар давлатҳои мо боз менамояд. Якҷоя мо метавонем дар соҳаи рақамисозӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардем, ки ин ба ҳар яки мо фоида меорад. Мехоҳам таъкид намоям, ки вохӯрии имрӯза махсусан рамзӣ аст, зеро он дар соли таҷлили 20-умин солгарди фаъолияти пурраи созмон баргузор мешавад»,- иброз намуд раиси раёсати ширкати «Казпочта» Асел Жанасова ҳангоми пахши онлайнии форум.
Вазири рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Қазоқистон Багдат Мусин дар суханрониаш ба иштирокчиёни форум Созмони ҳамкории Шанхайро бо 20-солагии ифтитоҳи Котиботи созмон табрик гуфта, хотиррасон намуд, ки ғояи баргузории форуми рақамии Созмони ҳамкории Шанхай аз ҷониби Президенти Қазоқистон Қосим Жомарт Токаев дар ҷараёни Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки 4 июли соли 2023 баргузор шуда буд, пешниҳод шудааст. Вазир ба давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳод намуд, ки гурӯҳҳои моҳвораҳои фосилавии Заминро муттаҳид созанд.
Ҳамчунин ӯ пешниҳод намуд, ки кӯшишҳоро дар масъалаи истифодаи қаламрави Қазоқистон барои парвозҳои муштарак ба кайҳон ва ба кор андохтани барномаҳои мушакӣ муттаҳид намоянд.
Кори форум то 3 феврал идома меёбад.
АКС аз манбаъҳои боз








«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд






