Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи абрнок мешавад

Февраль 1, 2024 08:10

ДУШАНБЕ, 01.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво абрнок шуда, борону барф пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Ҳарорат дар водиҳо шабона 0-5 дараҷа хунук ва рӯзона 4+6 дараҷа гармиро ташкил медиҳад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи асосан бебориш пешгӯӣ мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 8-13 ва рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 20-25 дараҷа хунук ва рӯзона 6-11 дараҷа хунук мешавад.

Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбандаи бебориш  шуда, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 1-6 дараҷа хунук ва рӯзона 1+6 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 12-17 ва рӯзона 1-6 дараҷа хунук мешавад.

Дар ноҳияҳои алоҳидаи  вилояти Хатлон  ҳавои тағйирёбанда ва борону барфи тар пешгӯӣ мешавад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 5-10 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм, рӯзона 8+13 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳ шабона 8-13 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе ҳолатҳо борону барф пешгӯӣ мешавад, дар ноҳияҳои алоҳида туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 3 дараҷа хунук то 2 дараҷа гарм ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 ва рӯзона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм мешавад.

Дар Душанбе ҳаво абрнок шуда, шабона бориши ками барф пешгӯӣ мешавад. Рӯзона ҳаво тағйирёбандаи асосан бебориш мешавад ва туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 7-12 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона аз 1 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм, рӯзона 4+6 дараҷа гарм мешавад.

Февраль 1, 2024 08:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд