Имрӯз маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид

Февраль 29, 2024 20:07

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 29 феврал таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд.

Дар оғози маҷлис масъалаҳои кадрҳо баррасӣ шуда, бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони 6 институти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таъйин гардиданд.

Дар маҷлис ҳисоботи сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода оид ба натиҷаи фаъолияти мақомот дар солҳои 2018-2023 шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Саридораи геология фаъолияти худро дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» амалӣ намуда, дар асоси он омӯзиши геологии сарватҳои зеризаминиро аз рӯи 56 лоиҳа дар иншооти корҳои минтақавӣ идома медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар баробари иҷрои Барнома саридора дар давраи солҳои 2018-2023 корҳои шартномавиро низ аз рӯи зиёда аз 1200 лоиҳа ба маблағи 118,2 млн. сомонӣ иҷро намудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҷоннок намудани корҳои ҷустуҷӯию геологӣ, беҳсозии фаъолияти ҳамаи сохторҳои соҳаи геология, ҷалби сармоя ва ворид намудани техникаю технологияи муосири соҳа, ҳамчунин гузаштан ба низоми муосири рақамӣ ва стандартҳои байналмилалии ҳисоби захираҳо ба масъулин супоришҳои мушаххас дода, таъкид доштанд, ки истихроҷ ва коркарди маъданҳо ба хусус маъданҳои нодир метавонад ба яке аз муҳимтарин роҳҳои рушди иқтисоди миллии мамлакат табдил ёбад.

Сипас, дар кори маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор лоиҳаҳо, аз ҷумла Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф”, Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ” ва Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи чарогоҳ” муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

Дар кори маҷлиси ҳукумат ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028», «Барномаи ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» ва «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2028» баррасӣ шуд.

Дар фароварди маҷлис Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба Ҳукумати мамлакат, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ташкилоту муассисаҳои дахлдор барои дар сатҳи зарурӣ ҷамъбаст намудани мавсими зимистон, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, истифодаи самараноки заминҳо, тозагии муҳити зист, сарсабзу хуррам гардонидани маҳалҳо ва ҷоннок намудани тадбирҳои созандагӣ ҷиҳати истиқболи сазовори ҷашнҳои Наврӯзи байналмилалӣ ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон супоришҳои мушаххас доданд.

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29.02.2024

Февраль 29, 2024 20:07

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Деваштич 5 кӯдакистон, муассисаи таълимӣ, толори варзишӣ ва бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ-ро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии “Ёсуман”-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Коргоҳи пойафзол ва маводи шустушӯии «Раҳматулло»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич Маркази саломатии деҳаи Қалъаи Дӯстиро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент мулоқот намуданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони шаҳри Панҷакент
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент корхонаи истеҳсоли шиферро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент Беморхонаи минтақавиро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент МТМУ №115-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Панҷакент Муассисаи таҳсилоти томактабии «Нилуфар»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии «Боғистон» оғоз бахшиданд