ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 2,1 миллион амалиёти пардохти ғайринақдии андозҳо ва боҷҳо анҷом дода шуд

Февраль 16, 2024 11:39

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ  «Ховар»/. Мақомоти андози Тоҷикистон дар самти пардохтҳои ғайринақдӣ бо 19 ташкилоти қарзии молиявӣ созишнома ҷиҳати ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ  ба имзо расонида, тавассути замимаҳои мобилии ташкилоти қарзии молиявӣ ба таври ғайринақдӣ қабул намудани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷетро  амалӣ менамояд.

Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода 15 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ дар Душанбе иброз намуд, ки бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2023 «Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ» Кумитаи андоз нақшаи чорабиниҳои дохилиидоравӣ таҳия ва қабул намуд, ки тибқи он якчанд тадбири муҳим  андешида шуд.

Аз ҷумла, барои шаҳрвандон ва андозсупорандагон имконият фароҳам оварда шудааст, ки бо истифода аз хизматрасонии эквайрингӣ, ҳамёни электронӣ ва пос-терминалҳо маблағи андозҳо ва боҷҳоро ба таври ғайринақдӣ ба буҷет пардохт намоянд. Аз 1 августи соли 2023 то 1 январи соли 2024, дар маҷмуъ 2,1 миллион амалиёти ба таври ғайринақдӣ пардохт намудани андозҳо ва боҷҳо ба маблағи беш аз 780 миллион сомонӣ гузаронида шудааст.

Нусратулло Давлатзода афзуд, ки мақомоти андоз минбаъд ҳам барои беҳтар намудани маъмурикунонии андоз, тақвияти раванди рақамикунонии соҳа ва дар ин замина бештар намудани номгӯи хизматрасонии давлатӣ дар шакли электронӣ, беҳтар ва сифатан бештар намудани корҳои тавзеҳотию фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ тибқи низоми идоракунии хавфҳо ва дастгирии субъектҳои соҳибкорӣ тадбирҳои муассири иловагӣ меандешад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар» 

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имконоти истеҳсолии корхонаи «Ҷавонӣ»-и вилояти Суғд васеъ карда мешавад
Намояндагони Вазорати нақлиёти Тоҷикистон бо таҷрибаи Корея дар самти роҳсозӣ шинос мегарданд
Дар Душанбе Форуми дуюми зиддикоррупсионӣ оғоз гардид
Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид