«ИСТИҚЛОЛ ВА РУШДИ ЗАБОНИ МОДАРӢ». Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ дар Душанбе ҳамоиш доир шуд

Февраль 20, 2024 16:55

ДУШАНБЕ, 20.02.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии забони модарӣ, ки ҳамасола 21 феврал дар бисёре аз давлатҳои дунё бо ҳамоишу барномаҳои гуногун гузаронида мешавад, дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Истиқлол ва рушди забони модарӣ» конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар оғози ҳамоиш таъкид гардид, ки мувофиқи қарори иҷлосияи 30-юми Конференсияи генералии ЮНЕСКО 21 феврал Рӯзи байналмилалии забони модарӣ эътироф шудааст.

Ҳадаф аз он ҷалби таваҷҷуҳи оламиён ба гуногунрангии забонҳо ва рушду инкишофи онҳо буда, ҳамзамон барои таҳаммулпазирӣ ва ҳамдигарфаҳмию муколама ба наздикшавию ҳамкории мутақобилаи миллатҳои гуногун мусоидат менамояд.

Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти ҷумҳурӣ Олимҷон Муҳаммадҷонзода иброз дошт, ки забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Яке аз шартҳои мавҷудияти ин ё он қавму миллатро забони давлатӣ муайян менамояд. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қавмият ва дар ниҳоят давлат аст.

«Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ эътироф гардида, коргузорӣ ва муносибатҳои мухталиф бо ҳамин забон амалӣ мегарданд. Дар арсаи байналмилалӣ низ давлатҳоро бо забонашон мешиносанд ва ҳамкорӣ менамоянд», -иброз дошт ӯ.

Таъкид шуд, ки забони тоҷикӣ дар байни забонҳои зиндаи ҷаҳон яке аз бойтарин ва ғанитарин ба шумор меравад. Ҳамин аст, ки донишмандон ва муҳаққиқони хориҷӣ адабиёти тоҷикро яке аз бузургтарин адабиёти башарият номидаанд. Имрӯз, ҳазору сад сол пас аз вафоти Рӯдакӣ, аксари мардуми тоҷикзабон метавонанд ашъори ӯро хонанд ва дарк намоянд.

Иброз шуд, ки мероси адабиёти тоҷик аз ҷиҳати миқдор ҳам хеле назаррас ва маълум аст, ба монанди «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки шаст ҳазор байт, ашъори Аттор беш аз сад ҳазор байт, «Маснавии маънавӣ» ва лирикаи Ҷалолуддини Балхӣ беш аз шаст ҳазор байтро ташкил медиҳанд.

Иштирокдорони конференсия ҷиҳати татбиқи босамари забони давлатӣ ибрози андеша намуда, дар зимн баҳри равнақи он тавсияҳои муҳим пешниҳод намуданд.

Дар ҷараёни ҳамоиш аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забон зиёда аз 20 маърузаи илмӣ баррасӣ гардид.

Ҳамзамон дар конференсия нашри сеюми китоби забоншинос Рустам Ваҳҳобзода — «Дуруст бинависем» рӯнамоӣ шуд. Ин китоб дар рушду густариши забони адабии меъёри тоҷикӣ бо истифодаи вожаю ибораҳои мантиқан дуруст муҳим арзёбӣ гардид.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 20, 2024 16:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Мероси эҷодии Махдумқулӣ халқҳои Тоҷикистон ва Туркманистонро бо ҳам наздик мекунад
«ТАНҲО ТУ». Нахустнамоиши ин филм имрӯз дар кинотеатри «Ватан» баргузор мегардад
Вазъи фаъолияти муассисаҳои китобдорӣ дар шароити рушди технологияи муосир баррасӣ шуд
Дар Туркия ба бузургдошти Абуабдулло Рӯдакӣ ҳамоиши илмӣ-адабӣ баргузор шуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон баргузор мегарданд
Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» ба анҷом мерасад
Намояндагони Бонки Осиёии рушд ёдгории таърихии Қалъаи Ҳисорро тамошо намуданд
Ҷаласаи 12-уми Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи илмҳои бунёдии мамлакатҳои ИДМ баргузор шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ». Барои дар сатҳи баланд баргузор намудани озмун ҷаласаи машваратӣ доир шуд
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар Намоишгоҳи 12-уми байналмилалӣ беш аз 40 ношири ватанӣ ва хориҷӣ иштирок доранд
Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи Авруосиё соҳиби ду ҷоиза гардид
Намоишгоҳи 12-уми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз гардид