Изҳорот пас аз маросими сарфарозгардонӣ бо мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористон

Февраль 22, 2024 16:50
22.02.2024, шаҳри Душанбе

Ташаккур, муҳтарам Рустам Нургалиевич.

Дӯстони азиз,

Ба Шумо, Рустам Нургалиевич, барои сарфарозгардонии ман бо Ордени «Дуслик» изҳори миннатдорӣ менамоям.

Ин мукофоти олии Ҷумҳурии Тотористонро, пеш аз ҳама, ба мардуми кишварам мансуб медонам.

Мо минбаъд низ тамоми маҷмуи ҳамёрии Тоҷикистон ва Русияро, аз ҷумла дар сатҳи минтақавӣ фаъолона пеш мебарем.

Мо бо зиёда аз 83 субъекти федералии Русия робитаҳои фаъол дорем.

Дар ин замина мо ба густариши ҳамкории судманд бо Тотористон таваҷҷуҳи хосса медиҳем.

Ҷумҳурии Шумо, ки дорои иқтидори барҷастаи иқтисодӣ мебошад, аз ҷиҳати маҷмуи маҳсулоти минтақавӣ дар рӯйхати минтақаҳои Федератсияи Русия мавқеи баландро ишғол менамояд.

Мояи хушнудӣ аст, ки робитаҳои ҳамкории Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Тотористон имрӯз дорои ҷараёни мусбати рушд мебошанд.

Сохторҳои давлатӣ ва хусусии Тоҷикистон бо идораву ширкатҳои соҳавии Тотористон фаъолона ҳамкорӣ менамоянд.

Робитаҳо дар самти омода намудани ихтисосҳое, ки дар мо талабот доранд, густариш меёбанд.

Имрӯз дар донишгоҳҳои пешрафтаи Тотористон беш аз як ҳазор донишҷӯи тоҷик маълумоти олӣ мегиранд.

Мо аз фароҳам гардидани шароити мусоид барои шаҳрвандонамон миннатдор ҳастем.

Итминон дорам, ки бо талошҳои муштарак мо ҳамкории мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Тотористонро ба сатҳи баландтар мебарорем.

Муҳтарам Рустам Нургалиевич!

Боиси хушнудӣ аст, ки бо мукофоти фахрии Ҷумҳурии Тотористон дар ин ҷо, дар шаҳри номдори Қазон сарфароз мешавам.

Мо дар мисоли пойтахти шумо, ки дорои таърихи ғанӣ мебошад, баръало мебинем, ки Тотористони бародар хеле рушду пешрафт намудааст.

Далели равшани ин, интихоб шудани Қазон ҳамчун маркази баргузории «Бозиҳои оянда» мебошад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, дӯсти азиз, инчунин ба тамоми сокинони диёри зархези Шумо комёбиҳои нав ва некуаҳволии минбаъда орзу дорам!

Бори дигар ба Шумо ташаккур!

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.

Февраль 22, 2024 16:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд