Маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори «Кохи Суруш»-и шаҳри Душанбе маросими ҷамъбаст ва ҷоизасупории Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе бо ташкили барномаи рангини фарҳангии «Гулчини сурудҳои ватандӯстонаи «Суруди сарбоз» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Дар маросими ҷамъбасти фестивал ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои футболи хурд, волейбол, гӯштини миллӣ, шоҳмоту шашка, гузаштан аз монеаҳо ва варзиши сабук (турник, брус, давидан ба масофаи 100 метр ва ҷаҳидан ба дарозии 2,5 метр) дар 18 номинатсия ба 45 варзишгар медал, диплом, ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дар натиҷа аз рӯйи ҳамаи намудҳои варзиш Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 3-юм, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 2-юм ва Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷойи 1-ум сазовор гардида, бо медалу диплом, Ҷом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадршиносӣ шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бахшида ба 31-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 15 феврали соли 2024 аз 17 то 22 феврал Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» баргузор гардид.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе




























Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар мавзуи «Асосҳои конститутсионии муқовимат ба коррупсия» ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳои 40-солагии истиқлолияти давлатӣ ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
31 ОКТЯБР — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ШАҲРҲО. Дар хиёбони Саъдии Шерозии Душанбе 3 эстакадаи дусатҳа бунёд мегардад
Шаҳри Душанбе бо ба даст овардани 65 ҷой ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» гардид
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳорови ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо гузоштани санги асос ба сохтмони 3 эстакада ва як пул оғоз бахшиданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад






