МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шалғам давои хуб барои сулфа, дарди гулӯ ва пешгирии санги талхадон аст

Февраль 11, 2024 14:46

ДУШАНБЕ, 11.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Шалғам ба гурӯҳи сабзавоте дохил мешавад, ки ҳамчун ғизои пурқувват ба организми инсон фоидаовар аст. Он сулфаро рафъ намуда, узвҳои даруни сина ва шикамро мулоим менамояд, рехтани мӯйи сар ва гирифтани вазни зиёдро пешгирӣ менамояд. Ба гуфтаи табибон, шалғам чашмро қавӣ мегардонад ва сангҳои гурда ва хичакро майда месозад.

Шалғам сабзавоти тезрас ва серғизо буда, манбаи витаминҳои С В1, В2, РР, А (каротин) аст. Дар шалғам то 90 % канд, то 2 % сафеда, намакҳои минералӣ мавҷуд ҳастанд. Он растании доругии қадимӣ аст.

Ба гуфтаи Абуалӣ ибни Сино, марҳаме, ки аз тухми шалғам тайёр менамоянд, варами қадкашакро мегардонад. Шалғам ба гурда ва қафаси сина муфид аст. Аз он хӯриш тайёр менамоянд ва онро ба таом, аз ҷумла ба шӯрбо ва хӯрокҳои сабук ду ё се қисм намуда, меандозанд.

Мутахассисон шалғамро барои муолиҷаи сулфа, дарди гулӯ ва барқарор намудани «овози хасташуда» тавсия медиҳанд. Шалғам иштиҳоро коҳиш дода, ба кам намудани вазни зиёд мусоидат менамояд. Ҳамзамон рехтани мӯйро бартараф менамояд. Агар решаҳои борики онро соида, бо асал бихӯранд, барои бемориҳои сипурз ва пешоби бандшударо кушодан давои хубе аст. Он кори ҷигарро фаъол сохта, аз пайдоиши сангҳои заҳра пешгирӣ менамояд. Илова бар ин шалғам аз ҳисоби калийи дар таркибаш буда фишори хунро паст месозад.

Дар китоби «Канзи Шифо» омадааст, ки агар ҳар қисми растании шалғамро дар об ҷӯшонида, он обро бимоланд, ҷойҳои аз таъсири сардӣ кафидаи баданро сиҳат мебахшад.

«Ин обро ба панҷаҳои дасту пойҳо бимоланд, иллати ниқрис, яъне дард ва варами буғумҳои ин аъзоро рафъ намуда, хоришеро, ки аз зиёд гаштани моддаи сафро пайдо шуда бошад, таскин мебахшад. Инчунин барг, қисми зеризаминӣ ва тухми онро кӯфта, гузошта банданд ё бимоланд, барои иллатҳои номбаршуда дармон мешавад».

Дар шалғам нисбат ба дигар сабзавоти маъмул миқдори микроэлементҳо, ба мисли сулфур зиёдтар аст. Ин элемент, тавре духтурон мефармоянд, барои тоза намудани хун аз ҳар гуна моддаҳои зарарнок зарур аст. Нахҳое, ки дар таркиби  шалғам мавҷуд мебошанд, ба хуб ҳазм шудани хӯрок мусоидат намуда, ба равандҳои мубодилаи моддаҳо таъсири мусбат мерасонанд.

Мутахассисон чунин мешуморанд, ки хӯрдани шалғам ҳамаи узвҳои даруни сина ва даруни шикамро қувват мебахшад, иштиҳо меоварад. Хусусан агар бо чизҳои тезмазза, яъне бо ҳардал (горчица) ва мурч таъмашро тунд намуда бихӯранд, дарунро аз моддаҳои зарраровар пок месозад.

Ҳамаи қисмҳои шалғам хусусияти тарёкӣ доранд, яъне ба одамони заҳролудшуда ва ба ононе, ки ҷонварони заҳрнок газида бошанд, шифо мебахшанд.

Табибон чунин мешуморанд, ки навобаста аз манфиатовар будани шалғам набояд фаромӯш сохт, ки дар ҳолати дар ҳаҷми зиёд истеъмол намудан он метавонад ба системаи асаб таъсири манфӣ расонад. Он ба асабоният, зиёд шудани хастагӣ, аз даст додани қувва, камҳаракатӣ бурда мерасонад.

Дар одамоне, ки туршии меъдаашон бештар аст ё захми меъда доранд, шалғамҳои тару тоза метавонанд боиси дилбеҳузурӣ ва зардаҷӯшӣ шаванд.

Мутхассисон тавсия медиҳанд, ки шалғамро дар ҷои хунук ва хушк дар ҳарорати на бештар аз 4 дараҷа гармӣ ва намии аз 90% зиёд нигоҳ доштан зарур аст. Дар чунин шароит сабзавот тақрибан 10-14 рӯз нигоҳ дошта мешавад, дар яхдон ин муҳлат то 30 рӯз давом менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 11, 2024 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Расонидани ёрии аввалин ба бемор метавонад ҷони ӯро аз марг наҷот диҳад
Бо риояи қоидаҳои одӣ худро аз таъсири гармӣ муҳофизат намоед
БАРНОМАИ РУШДИ КИТОБХОНАҲОИ ДЕҲОТ. Он барои такмили фаъолияти китобхонаҳо ва беҳтар шудани хизматрасонии китобдорӣ замина фароҳам меорад
Дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии рушди инноватсионии соҳаи пахтакорӣ барои солҳои 2026–2030» қабул гардид
ИМРӮЗ–РӮЗИ ТАЪСИСИ БОЗРАСИИ ДАВЛАТИИ АВТОМОБИЛӢ. Амнияти ҳаракат дар роҳ самти асосии фаъолияти ин мақомот мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги гелос барои бемориҳои сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст
СУЛҲ НЕЪМАТЕСТ, КИ ТАМОМИ МИЛЛАТҲОВУ ДАВЛАТҲО БА ОН НИЁЗ ДОРАНД. Мулоҳизаҳои академик Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Китобхонаҳо ва марказҳои омӯзишӣ барои рушди зеҳнии хонандагон чӣ имконият фароҳам меоранд?
ҒИЗОИ СОЛИМ. Омили афзоиши бемории диабети қанд истеъмоли ғизои аз ҳад зиёд ва номутаносиб мебошад
ФАРҲАНГИ СУЛҲИ ТОҶИКОН — НАМУНА БАРОИ ҶАҲОНИЁН. Мулоҳизаҳои Раиси Комиссияи олии аттестатсионӣ дар ин мавзуъ
ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»