НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 21 донишҷўи эҳтиёҷманди Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ҷиҳати ба ғамхории доимӣ фаро гирифтани донишҷӯёни ниёзманд тадбирҳои амалӣ меандешад. Бахусус 21 донишҷӯи эҳтиёҷманд, ки дар шуъбаи рӯзона ва фосилавӣ таҳсил менамоянд, аз пардохти маблағи таҳсил пурра озод шуда, дар арафаи иду ҷашнҳо бо кумаки яквақтаи пулӣ таъмин мешаванд. Чунин иброз намуд ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Ҳомид Ҳошимзода 6 феврал зимни нишасти матбуотӣ.
Ҳамчунин ректори донишгоҳ иброз дошт, ки дар таърихи навини давлатдориамон, дар давраи зиёда аз 30 соли соҳибистиқлолӣ ба фаъолияти пурсамари ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон илҳоми тоза бахшида шуд.
Дар ин давра таҳким бахшидани заминаҳои моддию техникии раванди таълим ба ҷорӣ намудани ихтисосҳои наву замонавӣ мусоидат намуд. Ҳоло дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр аз рӯи 40 ихтисос, магистратура 12 ихтисос ва докторантура (PhD) 12 ихтисос таҳсил амалӣ мешавад. Ҷиҳати такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русиву англисӣ машғулият дар 20 гурӯҳи академӣ бо забони русӣ, 9 гурӯҳи академӣ бо забони англисӣ гузаронида мешавад.
Дар нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бобати нақшаҳои минбаъда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, мутобиқ сохтани таҳсил ба меъёрҳои байналмилалӣ, назорати ҷиддӣ ва доимӣ дар самти донишазхудкунии донишҷўён, ҷалби ҷавонон ба китобхониву забономӯзӣ, таълифи китобҳои дарсӣ, тарбияи мутахассисон дар самти фанҳои таҷрибавӣ ва таҳқиқоти бунёдӣ, тарҳрезии дурнамои рушди илм ҷиҳати татбиқи амалии ҳадафҳои стратегии мамлакат, ҷорӣ намудани навоварию ихтироот дар истеҳсолот ва таҷрибаҳои инноватсионӣ, омўзонидани таърихи халқи тоҷик ва дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон, баланд бардоштани маърифатнокӣ, мубориза бо хурофотпарастӣ, пешгирии гаравиш ба расму ойинҳои бегона саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд






