НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба мақомоти прокуратура беш аз 40 ҳазор муроҷиат ворид ва ҳуқуқу манфиати 260 ҳазор шаҳрванд барқарор гардид

Февраль 16, 2024 12:03

ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо мебошад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат дар соли 2023 бо ҳузури хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ва намояндагони телевизион ва радиоҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.    

Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 ба мақомоти прокуратура 40 ҳазору 356 муроҷиат ворид гардида, ҳуқуқу манфиатҳои 260 ҳазор шаҳрванд барқарор шудааст. Дар ҳамин давра ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 46 ҳазору 590 санади эътиноӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура бароварда шуд. Аз ҷумла, ба 1 ҳазору 300 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда, 17 ҳазору 863 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.

Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 4000 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 59 ҳазору 267 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура 1,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 461,3 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор  шуд.

Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар натиҷаи анҷом додани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шумораи ҷиноятҳо назар ба соли 2022 камтар сабт шуд. Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ 71 ҳолат (ё 55 фоиз), ҷинояти одамрабоӣ 15 ҳолат (ё 38 фоиз), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 8 ҳолат, роҳзанӣ 19 ҳолат (ё 50 фоиз), ҷинояти ғоратгарӣ 25 ҳолат (ё 19 фоиз) кам сабт шудаанд. Ҷинояткории ноболиғон 28,1 фоиз кам шуда, 474 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда сабт  шудааст.

Мавриди ёдоварӣ аст, ки вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошанд.

Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 16, 2024 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ — ПАЙВАНДГАРИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Андешаҳо оид ба Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон – «Пайванд»
Низомиёни Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии 13-уми Сяншани Пекин иштирок намуданд
Дар Тоҷикистон бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт амалиёти «Автобус» оғоз гардид
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қазоқистон ва Туркманистон мулоқот намуд
Намояндагони Тоҷикистон дар вохӯрии роҳбарони бюроҳои миллии марказии «Интерпол»-и давлатҳои ИДМ иштирок намуданд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои фавқулода тақвият медиҳанд
Прокурорҳои генералии Тоҷикистон ва Эрон тақвияти ҳамкории ҳуқуқиро баррасӣ намуданд
Ҳабибулло Воҳидзода дар ҷаласаи ҳафтуми прокурорҳои генералии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуд
Дар Душанбе бо ҳамватанони бурунмарзӣ вохӯрӣ доир шуд
Дар шаҳри Исфара бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ гузашти ҳарбӣ доир шуд
Дар Суғд ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бо иштироки беш аз 8 ҳазор нафар гузашти низомӣ доир гардид
Дар Паради ҳарбӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ беш аз 27 ҳазор нафар иштирок намуданд