НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба мақомоти прокуратура беш аз 40 ҳазор муроҷиат ворид ва ҳуқуқу манфиати 260 ҳазор шаҳрванд барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 16.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо аз ҷониби вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти идораи ҳарбӣ, мақомоти назорат, бонкҳо, корхонаҳо, муассисаҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои дигар, сарфи назар аз тобеият, мансубият ва шакли моликияти онҳо мебошад.
Имрӯз дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотии Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои фаъолияти мақомоти прокуратураи мамлакат дар соли 2023 бо ҳузури хабарнигорони расонаҳои иттилоотии ватаниву хориҷӣ ва намояндагони телевизион ва радиоҳои ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми соли 2023 ба мақомоти прокуратура 40 ҳазору 356 муроҷиат ворид гардида, ҳуқуқу манфиатҳои 260 ҳазор шаҳрванд барқарор шудааст. Дар ҳамин давра ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 46 ҳазору 590 санади эътиноӣ аз ҷониби мақомоти прокуратура бароварда шуд. Аз ҷумла, ба 1 ҳазору 300 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шуда, 17 ҳазору 863 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд.
Ҳамчунин дар давраи ҳисоботӣ 4000 парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, 59 ҳазору 267 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ ва маъмурӣ кашида шуданд. Аз тарафи кормандони мақомоти прокуратура 1,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла 461,3 млн сомонӣ ба манфиати давлат барқарор шуд.
Дар нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар натиҷаи анҷом додани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон шумораи ҷиноятҳо назар ба соли 2022 камтар сабт шуд. Аз ҷумла, ҷинояти одамкушӣ 71 ҳолат (ё 55 фоиз), ҷинояти одамрабоӣ 15 ҳолат (ё 38 фоиз), қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 8 ҳолат, роҳзанӣ 19 ҳолат (ё 50 фоиз), ҷинояти ғоратгарӣ 25 ҳолат (ё 19 фоиз) кам сабт шудаанд. Ҷинояткории ноболиғон 28,1 фоиз кам шуда, 474 ҷинояти аз ҷониби ноболиғон содиршуда сабт шудааст.
Мавриди ёдоварӣ аст, ки вазифаҳои мақомоти прокуратура аз таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи соҳибихтиёрӣ, истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқи иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва дигар ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои сохтори демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва динӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар сохторҳои ғайридавлатӣ иборат мебошанд.
Акрам САНГЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Соли 2027 Тоҷикистон раёсатро дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба уҳда мегирад
Ҳабибулло Воҳидзода бо сафири навтаъйини Беларус дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд






