НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Рӯзҳои наздик сохтмони роҳи дусатҳаи хиёбони Саъдии Шерозӣ дар шаҳри Душанбе оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзҳои наздик сохтмони роҳи дусатҳа дар хиёбони Саъдии Шерозӣ ва буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ, Шевченко ва Моёншо Назаршоев дар шаҳри Душанбе оғоз мешавад. Дар ин хусус Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Иброз гардид, ки дар ин самт дар Сарраёсати меъмории шаҳри Душанбе бо иштироки мутахассисон аз Федератсияи Русия корҳои омӯзишӣ идома доранд.
Тавре қаблан ба АМИТ «Ховар» дар Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» иттилоъ доданд, тибқи нақша, давоми солҳои оянда дар шаҳри Душанбе сохтмони 5 роҳи дусатҳа мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ дар назар дошта шуда, онҳо дар буриши кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров – Даврӣ- Ҷанубӣ бо сохтани пул дар болои дарёи Душанбе, дар буриши хиёбони Абдураҳмони Ҷомӣ бо кӯчаи Абдулаҳад Қаҳҳоров, дар буриши кӯчаи Абай бо Абдулаҳад Қаҳҳоров, дар буриши хиёбони Саъдии Шерозӣ бо хиёбони Ҳофизи Шерозӣ ва гузаргоҳи дусатҳа бо пул дар буриши кӯчаи Ҳабибулло Назаров бо кўчаи Муродулло Шерализода сохта, ба истифода дода мешаванд.
Гуфта шуд, ки бунёди роҳҳои дусатҳа ба бартараф намудани танбашавии зиёди воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои пойтахт, бехатарии ҳаракати нақлиёт ва роҳгузарҳо, инчунин ба меъёрҳои ҷаҳонӣ мутобиқ намудани роҳҳои пойтахт мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни бозсозии ин гуна роҳҳо пули роҳи оҳани назди Иттиҳодияи истеҳсолии «Нассоҷии тоҷик» навсозӣ гардида, дар хиёбони Саъдии Шерозӣ, дар назди чорроҳаи Сирки давлатии Тоҷикистон низ эстакада (роҳҳои бисёрсатҳа ) бунёд карда мешавад.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






