НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ширкату корхонаҳои Тоҷикистон дар 28 намоишгоҳи байналмилалӣ дар 14 давлати дунё иштирок намуданд

Февраль 9, 2024 17:18

ДУШАНБЕ, 09.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдори мамлакат, сафоратхонаҳои ҷумҳурӣ дар давлатҳои хориҷӣ ва шарикони рушд ба ташкил ва таъмини иштироки ширкату корхонаҳои ватанӣ дар 28 намоишгоҳи байналмилалии дар 14 давлати дунё баргузор  гардида,  6 намоишгоҳи дар дохили ҷумҳурӣ доиршуда мусоидат намуда, иштироки аъзо ва соҳибкорони ватаниро дар кори онҳо таъмин намуд. Дар ин хусус имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ Раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода иттилоъ дод.

Иброз гардид, ки моҳҳои март-апрели соли 2024 Намоишгоҳи байналмилалии тахассусии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Узбекистон доири гардида, ҳамзамон баргузории намоишгоҳи тахассусии Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон дар назар аст.

Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати шинос шудан бо навигариҳои технологияи муосири истеҳсолӣ ва пайдо намудани шарикони тиҷоратӣ аз дигар кишварҳо бо мусоидати Палата зиёда аз 2100 соҳибкор ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ дар намоишгоҳҳои хориҷӣ ва бизнес-форумҳо фаъолона иштирок намуданд.

Дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ фаъолият менамояд, ки мақсад аз ташкили он ба соҳибкорон фаҳмонидани асосҳои ҳуқуқии фаъолият, баланд бардоштани иқтидори Арбитражи байналмилалии тиҷоратӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқии босифат мебошад.

Тавре Ҷамшед Ҷумъахонзода изҳор намуд, соли 2023 аз ҷониби ширкату корхонаҳои ватанӣ ба арбитражи байналмилалӣ 2 ариза оид ба поймол шудани манфиатҳои соҳбикорони мо аз ҷониби шарикон ворид гардид.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 9, 2024 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон содироти маҳсулот дар сатҳи устувори рушд ва афзоиш қарор гирифт
Дар Душанбе оид ба рушди алоқа, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон боғу токзори нав 2,3 баробар зиёд гардид
Раиси Палатаи ҳисоби Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ дар Чин иштирок намуд
Кормандони соҳаи алоқа бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд
Беш аз 75 фоизи иқтидори умумии энергетикии Тоҷикистон дар ҳудуди вилояти Хатлон ҷойгир мебошад
Ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохтмончиёни НБО-и «Роғун» бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар вилояти Хатлон беш аз 100 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ амалӣ гардид»
Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар Хоруғ рушди рақамикунонӣ дар низоми энергетикии Бадахшон баррасӣ шуд‎
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист ҷамъомади тантанавӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Кувайт ҳамкории байнибонкиро тақвият медиҳанд