НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Вазорати адлия 2577 санади ҳуқуқии байналмилалиро баррасӣ намуд

Февраль 15, 2024 10:42

ДУШАНБЕ, 15.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2023 дар самти баррасии санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ аз ҷониби мутахассисони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 2577 мавод, ки нисбат ба ҳамин давраи ҳисоботӣ 17 адад бештар мебошад, мавриди баррасӣ қарор гирифта, нисбат ба онҳо хулосаҳои дахлдор пешниҳод гардиданд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири адлияи ҷумҳурӣ Музаффар Ашуриён иттилоъ дод.

Ба таъкиди вазири адлия, ҳамаи маводи воридшуда мавриди санҷиши ҳуқуқӣ қарор гирифта, дар самти мутобиқгардонӣ ба меъёрҳои Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ҷумҳурӣ хулосаҳои дахлдор дода шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки Вазорати адлия ҷиҳати мутобиқнамоӣ ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳо, инчунин  бо мақсади бартараф намудани ихтилофу норасоиҳо дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ 1 лоиҳаи кодекс, 7 лоиҳаи қонун, 2 лоиҳаи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия намуд.

Таъкид гардид, ки аз 156 санади барои санҷиш ва бақайдгирии давлатӣ воридгардида 84 санад сабт шуда, сабти 68-тои он бинобар ба қонунгузории амалкунанда мухолифат доштан рад шуда, 4 санади боқимонда мавриди баррасӣ қарор дорад.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 15, 2024 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК. Судяҳои ноҳияи Фирдавсӣ бо волидону хонандагон вохӯрӣ намуданд
Дар Душанбе оид ба нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ форуми байналмилалӣ баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расонида шуд
Пагоҳ Форуми байналмилалии «Нақши занон дар эҳёи суннатҳои наврӯзӣ» доир мегардад
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Дар Тоҷикистон Анҷумани сеюми забоншиносон баргузор мегардад
Қабули мавод ба Озмуни ҷумҳуриявии «Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори Ваҳдати миллӣ» то охири моҳи май идома меёбад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
Бахшида ба ҷашни Наврӯз дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамоиши идона доир шуд
Дар Суғд таҳти унвони «Баҳори ҷавонӣ — Наврӯзи ҷаҳонӣ» Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон доир мегардад
Тақрибан 2,8 миллион шаҳрвандони Тоҷикистон аз Узбекистон боздид карданд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти ҷавонон якчанд созишнома оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак ба имзо расид