Озмоишгоҳи махсуси Кумитаи меъморӣ ба зилзила тобовар будани биноҳои истиқоматии Душанберо санҷид
ДУШАНБЕ, 05.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини ба зилзила тобовар будани бинову иншоот 26 декабри соли 2023 маротибаи аввал аз ҷониби озмоишгоҳи махсуси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон санҷиши мехсутуну асосҳои бинои истиқоматии баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Нусратулло Махсуми ноҳияи Синои шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон Низом Мирзозода зимни нишасти матбуотӣ ба суоли мухбири АМИТ «Ховар» посух дод.
Ба гуфтаи мавсуф, дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки бинои истиқоматӣ ба лоиҳа мувофиқат менамояд. «Санҷиш нишон дод, ки мустаҳкамии бино аз меъёри муқаррарӣ то 20 фоизи дигар зиёдтар будааст, ки ин гувоҳи мустаҳкам анҷом додани корҳои бетонӣ ва устувории мехсутунҳо мебошад»,-афзуд раиси Кумита.
Таъкид гардид, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дилхоҳ бино, новобаста аз шакли моликият аз санҷиши озмоишгоҳи навтаъсиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуда, дар ҳолати ошкор шудани ҳолатҳои риоя нагардидани меъёри борбардории мехсутунҳо шахсони мутасаддӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.
Гуфта шуд, ки тибқи фармоиши раиси Кумита, дар дилхоҳ биное, ки дар ҳудуди Тоҷикистон бунёд мешавад, новобаста аз шакли моликият, вақте ки мехсутунҳо сохта мешаванд, ҳатман аз санҷиши озмоишгоҳи раёсати экспертиза гузаронида мешаванд. «Касоне, ки дар раванди сохтмони мехсутунҳо ба саҳлангорӣ роҳ медиҳанд, аз тарафи Хадамоти назорати сохтмон нисбат ба онҳо чораҳои маъмурӣ татбиқ мешавад», — изҳор дошт раиси Кумита.
Низом Мирзозода иттилоъ дод, ки соли 2023 бо мақсади баҳодиҳӣ ба риояи меъёру қоидаҳои шаҳрсозӣ, регламентҳои техникии сифати технологии корҳои сохтмонӣ, мавод ва маснуоти сохтмонӣ, инчунин дигар санадҳои қонунгузории шаҳрсозӣ дар бино ва иншооти сохташаванда бо мақсади таъмини ба зилзила тобоварии бинову иншоот, инчунин барои санҷиши мехсутуну асосҳои бино ва иншоот дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ озмоишгоҳи махсуси бо таҷҳизоти муосири замонавии истеҳсоли Федератсияи Русия муҷаҳҳаз таъсис дода шуд.
Баён гардид, ки агар сохтмончиён технологияи сохтмониро дуруст риоя намоянд ва корҳоро тибқи лоиҳа анҷом диҳанд, биноҳо дар мамлакат ба ҳар гуна заминларзае, ки миёна ҳисоб шудааст, тоб оварда метавонанд.
Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






