САЙРИ ҶАҲОНИИ ҶУДО. Шаҳри Душанбе мизбони «Grand Slam» мегардад

Февраль 27, 2024 10:43

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе соли 2024 мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо — «Grand Slam Dushsnbe» мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.

Бо ташаббуси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва раиси Федератсияи ҷудои Тоҷикистон Исмоили Маҳмадзоир дар ҳамоҳангӣ бо Федератсияи байналмилалии ҷудо шуруъ аз соли 2024 пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе мизбони яке аз мусобиқаҳои Сайри ҷаҳонии ҷудо «Grand Slam» мегардад.

Аввалин мусобиқаи байналмилалии «Grand Slam Dushsnbe-2024» 3-5 май ба нақша гирифта шудааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2023  нахусти маротиба  дар пойтахти Тоҷикистон  «Dushanbe Grand Prix 2023» баргузор гардид, ки дар он ҷудочиёни 40 давлати ҷаҳон иштирок намуданд. Дастаи мунтахаби ҷудои Тоҷикистон бо 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 1 медали биринҷӣ дар садри ҷадвали ниҳоии мусобиқаи «Dushanbe Grand Prix 2023» қарор гирифт.

Бояд гуфт, ки пеш аз Бозиҳои олимпии Париж -2024 дар мусобиқаи «Dushanbe Grand Slam 2024» беҳтаринҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе омада, барои ба даст овардани имтиёзҳои олимпӣ талош менамоянд.

АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон

Февраль 27, 2024 10:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Мусобиқаи кушоди байналмилалӣ оид ба бокс дар Хуҷанд муайян шуданд
Лигаи футзали Тоҷикистон беҳтаринҳои мавсими 2024/25-ро қадрдонӣ намуд
Дар Турсунзода курсҳои ФИФА барои доварони Тоҷикистон оғоз шуданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) омодагиҳоро ба Ҷоми ҷаҳон-2025 оғоз кард
Дар Федератсияи футболи Тоҷикистон ҷаласаи Кумитаи маркетинг баргузор шуд
Тоҷикистонро дар мусобиқаи «Ulaanbaatar Grand Slam-2025» оид ба гӯштини ҷудо 12 варзишгар муаррифӣ мекунад
Дар шаҳри Хуҷанд Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба бокс байни калонсолон оғоз гардид
Сомон Турсунзода барандаи медали нуқраи Чемпионати Аврупо оид ба ҷудо байни наврасон гардид
Чемпионати Ассотсиатсияи волейболи Осиёи Марказӣ ҷамъбаст гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Кумитаи футзали Федератсияи футболи Тоҷикистон баргузор гардид
Мусобиқаҳои варзишӣ оид ба футболи хурд ва шоҳмоту шашка байни кормандони вазорату идораҳо ҷамъбаст шуд
ФУТБОЛ. Мунтахаби Тоҷикистон «CAFA Nations Cup 2025»-ро бо бозӣ муқобили Малайзия оғоз менамояд