«ШАҲРИ МАН-ХОНАИ МАН». Имрӯз аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе беш аз 500 дарахти сояафкан шинониданд

Февраль 10, 2024 13:38

ДУШАНБЕ, 10.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аъзои фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ва кумитаю ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Душанбе дар доираи иқдоми умумишаҳрии ҳизбиён таҳти шиори «Шаҳри ман – хонаи ман» дар кӯчаи Соҳилӣ, шаҳракҳои 42, 46, 61 ва маҳаллаи “Обчакорон”-и ноҳияи Фирдавсӣ ва минтақаи 102-и ноҳияи Сино беш аз 500 дарахти ороишӣ ва сояафкан шинонида, дар сарсабзу хуррамгардонӣ ва ба “Шаҳри сабз” табдил додани пойтахт саҳм гузоштанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар доданд.

Ҳамзамон кормандону фаъолони ҳизб дар кӯчаи Бухорои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансур ба ҳашар баромада, ин минтақаҳоро аз ҳар гуна партов ва хазонбаргҳо тоза ва атрофи дарахтонро нарму мулоим намуданд.

Масъулин зимни ҳашар иброз доштанд, ки бузургони мо аз гузашта то имрӯз амалҳои ниҳол шинондан ва маконеро тозаву озода намуданро аз ҷумлаи амалҳои неку шоиста маънидод намудаанд.


— Дар фарҳанги миллии мо калимаи “сабз” на танҳо рамзи хуррамӣ ва ободӣ аст, балки рамзи покӣ, тансиҳатӣ ва зиндагии осоишта мебошад ва ба суннатҳои миллӣ ва ойинҳои динии мо иртиботи қавӣ дорад. Аҷдодони мо дар ҳар давру замон талош меварзиданд, ки бо такя ба арзишҳои миллӣ ва суннатҳои диниамон маконеро обод ва боғу гулгашт бунёд намоянд,-иброз доштанд ҳашарчиён.

Бояд тазаккур дод, ки ин иқдом дар ҳошияи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақшаи чорабиниҳо доир ба густариши корҳои ободонӣ, тозагиву озодагӣ, ниҳолшинониву сабзкорӣ ва нигоҳдории майдончаҳои варзишии шаҳри Душанбе, ки аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ 17 январи соли 2024 тасдиқ гардидаст, амалӣ гардида, то таҷлили 30-солагии Рӯзи таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон идома меёбад.

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Февраль 10, 2024 13:38

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд