Ширкати Гурӯҳи портҳои Абузабӣ барои таъсиси Маркази логистикию транзитӣ ва содироти молҳо дар Душанбе маблағгузорӣ менамояд

Февраль 29, 2024 15:45

ДУШАНБЕ, 29.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Завқӣ Завқизода дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб зимни мулоқот бо Директори генералии Ширкати Гурӯҳи портҳои Абузабӣ Муҳаммад Ҷума ал Шамисӣ имконоти бузурги транзитиву логистикӣ ва содироти молҳои Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, Директори генералии Ширкати Гурӯҳи портҳои Абузабиро даъват намуд, ки барои таъсиси Маркази логистикию интиқол ва содироти молҳо дар шаҳри Душанбе маблағгузорӣ намояд. Ин даъват хуш пазируфта шуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки мулоқот дар доираи Конфронси 13-уми вазирони давлатҳои аъзои Созмони ҷаҳонии савдо дар шаҳри Абузабии Амороти Муттаҳидаи Араб баргузор гардид.

Завқӣ Завқизода аз ҳамкории Ширкати Гурӯҳи портҳои Абузабӣ бо ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» изҳори хушнудӣ намуд.

Ширкати Гурӯҳи портҳои Абузабӣ ба бозорҳои рӯ ба тараққии ҷаҳон беш аз 20 намуд хизматрасонии транзитиву логистикӣ ва рақамӣ пешниҳод намуда, дар 26 давлати дунё намояндагӣ кушодааст ва дар гурӯҳ беш аз 9000 нафар фаъолият менамоянд.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ изҳори омодагӣ намуданд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 29, 2024 15:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад