Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба Осиёи Марказӣ мулоқот намуд

Февраль 27, 2024 17:00

ДУШАНБЕ, 27.02.2024 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал дар Душанбе мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо намояндаи махсуси дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид (СММ), роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ (UNRCCA) Каха Имнадзе баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкории бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо алоқамандиашонро ба таҳкиму тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони Милали Муттаҳид дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини рушди устувори ҷомеа ва ҳифзу мудирияти захираҳои об баён доштанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 27, 2024 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид
Дар Вашингтон масъалаи омодагӣ ба Форуми сеюми соҳибкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико баррасӣ гардид